Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ баъди мамнӯияти 35-сола кинотеатр боз мекунад


Як зани Саудӣ дар ҳошияи бозии футбол дар байни тимҳои Ал-Аҳлӣ ва Ал-Батин
Як зани Саудӣ дар ҳошияи бозии футбол дар байни тимҳои Ал-Аҳлӣ ва Ал-Батин

Дар Арабистони Cаудӣ дар 35 соли охир бори нахуст кинотеатри умумӣ дари худро ба рӯи мардум боз мекунад. Фаъолияти ин кинотеатр рӯзи 18-уми апрели имсол дар Риёз оғоз хоҳад шуд.

Дар он рӯз ба мухлисон филми “Бабри сиёҳ”-и коргардон Райан Куглер пешниҳод мешавад. Дар ин бора хабаргузории Reuters гузориш дод.

Қаблан мақомоти Арабистони Саудӣ бо ширкати амрикоии АМС қарордод бастанд, ки бар пояи он дар панҷ соли оянда дар Саудӣ бояд 40 кинотеатр ва то соли 2030 дастикам 350 синамо ба кор оғоз кунад. Филмҳо қабл аз намоиш аз назари сензура мегузаранд.

Мақомоти Саудӣ синамо ва маконҳои тафреҳии дигарро солҳои 80-уми асри гузашта бо фишори рӯҳониҳои тундрав бастанд. Он замон рӯҳониён тамошои филмҳоро гуноҳ эълон карданд.

Дар моҳи сентябри соли 2017 Арабистони Саудӣ рондани мошинро барои занон иҷозат дод. Занони Саудӣ дар пай имкон пайдо карданд, ки дар ҷойҳои умумӣ ва варзишгоҳҳо ҳузур ёбанд.

XS
SM
MD
LG