Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия, Туркия ва Эрон нақшаи ояндаи Сурияро мекашанд


Баъди 7 соли ҷанг дар Сурия, нақшаи ояндаи ин кишварро дар Анкара тарҳрезӣ мекунанд. Тарроҳони ин нақша бозигарони асосии ин ҷангҳо мебошанд. Амрико дар миёни онҳо нест.

Рӯзи 4-уми апрел президенти Русия Владимир Путин дар канори раҳбарони Туркияву Эрон Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Ҳасани Рӯҳонӣ роҷеъ ба мавзӯи Сурия нишасте доир мекунанд. Чунин нишаст дар панҷ моҳи охир бори аввал барпо мешавад. Мушкил ин аст, ки ҳар яки ин кишварҳо дар Сурия ва тамоми минтақа манфиатҳо худро доранд ва на ҳамеша ин манфиатҳо мавриди пуштибонии онҳо қарор мегирад.

Коршиносон мегӯянд, талошҳои Туркия барои доштани робитаҳои гармтар бо Русия аз тақозои сиёсати дохилӣ аст, ки дар муқобили таҳдидҳои курдҳо онҳоро ба доштани робитаҳои сиёсии хуб бо Маскав водор мекунад.

Нозирони ин нишаст мегӯянд, бо назардошти ихтилофҳои маълум ба назар мерасад, ки нишасти Анкара бештар як намоиши ҳамкориҳо аст. Марк Катс, муҳаққиқи масоили Ховари Миёна дар Донишгоҳи Ҷорҷ Мейсони Вирҷиния гуфт, "маълум нест, ки онҳо сари кадом масъала ба тавофуқ мерасанд? Ба назари ман, барои онҳо ин як намоишкорӣ аст".

Ҳарсе кишвар дар Сурия ҳадафу дидгоҳҳои худро доранд

Теҳрон давоми муддати дароз як пуштибони режими президент Башор Асад буд, вале айни замон як душмани НАТО, ки бо Туркия ҳампаймон аст. Маскав Эронро аз назари иқтисодӣ кӯмак мекунад, аз ҷумла ба барномаи ҳастаии он ёриҳо карда, муттафиқи калонтарини Сурия дар Ховари Миёна ба шумор меравад. Туркия мухолифи режими Асад аст ва дар давоми садсолаҳо бо Русия дар давраҳои мухталиф ҷангидааст.

Марк Пиерини, собиқ сафири Иттиҳодияи Аврупо дар Туркия, Сурия, Либия ва Тунис мегӯяд, "аз аввал ин як иттиҳодест, ки эътилофи ҳампаймонҳои дорои ҳадафҳои мухталиф" мешавад номид. Ҳамаи ин се кишварҳо бо Вашингтон, як нерӯи сиёсии барҷаста дар Ховари Миёна дар ихтилоф ҳастанд.

Умумияти воҳид

Баъди сари қудрат омадани Доналд Трамп дар ИМА, раддубадалҳои миёни Вашингтону Теҳрон бештар шуд. Туркия -- як муттафиқи НАТО ҳоло бо Вашингтон муносибати бад дорад ва сабаби калидиаш дар ин аст, ки ИМА аз ҷангиёни курд дар Сурия пуштибонӣ кардааст.

Мавқеи Русия нисбати ИМА ҳамонест, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ буд -- рақиби геополитикӣ бояд дар ҳама шакл зада шавад. Ахиран вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, ки муносибатҳо "ҳатто аз даврони Ҷанги Сард ҳам бадтар аст."

Вале бо васфи ин ҳама, ҳар се ин кишварҳо то андозае ба вуҷуди ИМА ба хотири таъмини мувозинат зарурат доранд. Масалан, барои боздоштани Исроил аз ҳар ҳамлае нисбати Сурия ва ҳам ҷангиёни эронӣ. Вале барои ташкили ҷамъоварии маблағ барои бозсозиии баъдиҷангии Сурия. Катс гуфт, ҳоло ин се кишвар бидуни ҳузури ИМА ҷамъ мешаванду тасмим мегиранд ва ҳамин масъала як замина ё умумиятест, ки онҳоро ба ҳам меорад.

Айни замон, ҳар яки онҳо бояд дар фосилаи муайян аз ҳамдигар қарор дошта бошанд: Туркия мехоҳад, ки Эронро дар фосила нигоҳ дорад, ҳарчанд манфиатдори ин аст, ки Асад мақомро тарк кунад. Русия мехоҳад бо Туркия робитаҳои наздиктар дошта бошад, вале инчунин ба вуҷуди Сурия ба хотири ҳифзи пойгоҳи низомиаш дар Тартус манфиатдор аст. Эрон роҳҳои мусаллаҳсозии "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнонро бояд ҳифз кунад ва бояд пеши роҳи Туркияро аз ҳаракат ба самти Ироқ боздорад.

Патрик Клоусон, пажӯҳишгари донишгоҳи Вашингтон оид ба сиёсати Ховари Наздик мегӯяд, "бешубҳа, ҳеҷ яки онҳо ба якдигар он чиро, ки дар асл аз фикри онҳо мегузарад, намегӯянд". Вай гуфт, мулоқоти Анкара паёмад ё натиҷаҳои зиёд нахоад дошт.

Мулоқоти охирини Путин, Эрдуғон ва Рӯҳонӣ дар соҳилҳои Баҳри Сиёҳ дар Сочӣ моҳи ноябр баргузор шуд. Дар пайи ин музокирот, амалиёти низомӣ дар Сурия афзоиш ёфт. Дар ҳамин ҳол Сурия, бо вуҷуди маҳкумияти байналмилалӣ, аз истифодаи силоҳи кимиёӣ алайҳи мухолифони режим идома дод.

Пиерини ин музокиротро бо музокираҳои Қазоқистон оид ба Сурия шабоҳат дода ва гуфт, "касе дар Ғарб бовар надорад, ки музокироти Остона натиҷаҳои дарозмуддат ба бор меорад ва билохира ҳама чиз дубора ба сари мизи СММ дар Женева мерезад, то ки тасмимҳои ҷиддиву пурбор дошта бошад.

Ба андешаи Пиерини, талошҳои Туркия барои доштани робитаҳои гармтар бо Маскав аз тақозои сиёсати дохилӣ аст, ки дар муқобили таҳдидҳои курдҳо онҳоро ба доштани робитаҳои сиёсии хуб бо Маскав водор мекунад.

Пиерини гуфт, "барои Ғарб хатари воқеӣ ин аст, ки агар Эрону Русия ба Туркия иҷозат диҳанд, ки амалиёти низомиаш дар шарқи Сурияро то соҳилҳои дарёи Фурот ва дар роҳ ба Даҷла тавсеа бахшад”. Дар ин минтақа, ба гуфтаи дипломати ғарбӣ, 2 ҳазор нерӯи амрикоӣ ҳамроҳ бо воҳидҳои низомии Бритониё ва Фаронса ва ҷангиёни курд қарор доранд. "Вазъ воқеан ҳам печида мешавад",- гуфт ӯ.

Тағйири нақшаҳо

Як таҳлилгари рус мегӯяд, стратегияи дарозмуддати Русия ин аст, ки дар ҳолатҳои бӯҳрони байналмилалӣ дар муқобили ИМА қарор дошта бошад. Олга Оликер дар як суханрониаш моҳи март дар Пажӯҳишгоҳи Кеннани марбут ба Маркази Уилсони Вашингтон гуфт, мавқеи Русия чунин аст - дар муқобили ИМА қарор гирад, масалан, дар Сурия. Баъд созиш кунаду масъулияти паёмадҳои вазъро бо ҳам тақсим кунанд. Вале Русия ҳоло дар ҳолати дигар қарор дорад: Русия дар муқобили ИМА истодааст, масалан, дар ҳамин Сурия. ИМА аз минтақа берун мешавад ва Русия танҳо монда паёмадҳои низоъро батанҳоӣ тоза мекунад”.

Вайрониҳои ҷанги Сурия.
Вайрониҳои ҷанги Сурия.

Вай гуфт, "Русия то охири бозӣ монд. ИМА то андозае нақши гӯё саркардаи моҷароро иҷро кард. Ҳоло нақшҳо иваз шудаанд".

Стивен Куу, як таҳлилгари Шӯрои равобити хориҷии воқеъ дар Амрико, ки сиёсати кишварҳои арабу туркро назорат мекунад, гуфт, мулоқоти Анкара аз муваффақияти Русия дар минтақа баъди дар ҳолати вакуум ё хало мондани он баъди канор рафтани ИМА ёдовар мешавад. Вай дар як матлаби таҳлилие навишт, ки Сурияву Русия як иродаи сиёсиро барои ҳифзи қудрат намоиш медиҳанд.

Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии Русия ин аст, ки минтақаи Ховари Миёнаро тарк накунад ва стратегияи Ғарбро коста кунад ва ин ҳадаф аз ҳамин минтақа шурӯъ мешавад. Зиёда аз ин, Маскав дигар идеологияи коммунизмро надорад ва ин чиз ҳаракати Русия дар минтақа осонтар мекунад."

XS
SM
MD
LG