Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Матбуот исми занеро ошкор кард, ки дар ситоди YouTube оташ кушод. ВИДЕО


Тирпарронӣ дар қаламрави ситоди YouTube дар шаҳри Сан-Брунои аёлати Калифорнияро зане бо номи Насим Ақдам анҷом дод. Дар ин бора CNN рӯзи 4-уми апрел бо такя ба манобеи ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот гузориш дод.

Ба гуфтаи ҳамсӯҳбатҳои CNN, Ақдам дар шаҳри Риверсайди Калифорния ва ҳамчунин Сан-Диего зиндагӣ мекард. Шабакаи телевизионии CNBC хабар дод, ки Ақдам 39-сола аст ва бо таппонча мусаллаҳ буд.

Полиси Амрико гуфт, ки гумонбар ба се нафар оташ кушод ва баъдан худкушӣ кард. Мақомоти бемористон гуфтанд, ки як мард дар ҳолати сангин ва ду зан дар ҳолати ҷиддӣ қарор доранд.

Дар тафсилоти ҳодиса гуфта мешавад, ки зани эрониасл ба ошхонаи беруниҳавлигии ширкат наздик шуд ва дар лаҳзаҳое оташ кушод, ки коргарон ғизои нисфирӯзӣ мехӯрданд.

Исмоил Ақдам, падари ҳамлагар дар сӯҳбат бо матбуоти маҳаллӣ гуфт, ки духтараш YouTube-ро бад медид, чунки ин ширкат пардохти ҳаққи ӯро барои пахши видеоҳояш дар ин шабака қатъ карда буд. Баъди ҳодисаи ҳамла дар ширкат, YouTube саҳифаи Насим Ақдамро масдуд кард.

Радио Фардо - бахши форсии Радиои Озодӣ мегӯяд, Насим Ақдам дар ин шабакаи иҷтимоӣ видеоҳои иҷтимоӣ нашр карда ба истилоҳ як ситораи шабакаи иҷтимоӣ буд. Бо ҳимояи ҳуқуқи ҷонварон, таблиғи ғизои бидуни гӯшт ва дигар корҳо машғул буд, вале айни замон обрӯи зидду нақиз дошт.

Мақомот гуфтанд, ки ин ҳодиса ба терроризм рабт надорад.

Як кушта ва се захмӣ бар асари тирпарронӣ дар қароргоҳи YouTube
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:43 0:00

XS
SM
MD
LG