Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба маҳсулоти Чин боҷи нави бисёрмиллиардӣ ҷорӣ мекунад


Мақомоти ИМА феҳрасти маҳсулоти Чинро нашр кард, ки ба онҳо боҷи 25 дарсадӣ гузошта мешавад.

Ба феҳраст номгӯи 1300 навъи маҳсулоти саноатӣ, нақлиёт ва таҷҳизоти тиббии сохти Чин ворид шудааст. Инҳо аз ҷумла, қисмҳои эҳтиётии ҳавопаймо ва мушакҳо, мошин, ашёи саноати роҳи оҳан, дастгоҳҳо ва таҷҳизоти тиббӣ будаанд. Солона ба ин навъи маҳсулоти воридотӣ ба ИМА дар ҳаҷҷми 50 миллирд доллар боҷ ситонида мешавад. ИМА таҳримҳои навро ҳамчун муҷозоти Чин барои дуздии моликияти зеҳнии амрикоӣ таваҷеҳ кардааст.

Таҳримҳо ба бисёр ашёи электронии маишӣ, бо шумули телефонҳои ҷамроҳи Apple, компютерҳои дастии Dell, ки дар Чин банду баст мешаванд ва ҳамчунин либосу пойафзол пахш намешавад.

Пекин қарори Амрикоро дар ин замина маҳкум кард ва гуфт, ки чораҳои ҷавобӣ меандешад.

Тавозуни мусбати тиҷорати Чин дар Амрико соли 2017 ба 375 миллиард баробар буд. Маъмурияти Доналд Трамп аз шарикони чиноӣ талаб дорад, ки ин рақамро то 100 миллиард коҳиш диҳанд.

Видеоҳои охирин

Русия ба Сурия системаи зиддимушакӣ медиҳад
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG