Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Facebook садҳо саҳифаи марбут ба "фабрикаи ҷавоб"-ро нобуд кард


Шабакаи иҷтимоии Facebook садҳо саҳифаи марбут ба "фабрикаи ҷавоб" - Оҷонси таҳқиқоти интернетиро, ки корбарони Русия боз кардаанд, аз байн бурд. Дар ин бора Facebook рӯзи 3-юми апрел изҳорот дод.

Бино ба изҳорот, бахши умдаи саҳифаҳои лағвшуда ба Оҷонси федеролии хабарҳо тааллуқ дошт, ки тавре таҳлилгарони Facebook муайян карданд, дар заминаи дахолат ба интихоботи Амрико таҳти таъқиби додгоҳӣ қарор дорад.

Ба қавли бунёдгузори Facebook Марк Зукрберг, ин оҷонсӣ "пайваста одамонро дар тамоми ҷаҳон фиреб медод, аз эътимоди онҳо суистифода мекард ва мо маводи онро дар Facebook дидан намехоҳем". Ба гуфтаи ӯ, ин қарор ба корбарон ва ташкилоти таҳти назорати Оҷонси таҳқиқоти интернетӣ таъсир мекунад, ки дар ҷараёни тафтиши коршиносони Facebook ошкор шуданд.

"Мо ба одамон иҷозат намедиҳем, ки саҳифаҳои тақаллубӣ боз кунанд ва агар Шумо пайваста талош мекунед ин саҳифаҳоро боз кунед, мо ҳамаи саҳифаҳои Шуморо мебандем", - гуфт Зукерберг.

Бахши умдаи саҳифаҳои лағвшуда ба забони русӣ буданд.

Раҳбари Оҷонси федеролии хабарҳо Евгений Зубарев қарори Facebook-ро "сензураи сиёсӣ" унвон кард ва аз мақомоти Русия даъват намуд, ки ба ин қарор вокуниш кунанд.

Видеоҳои охирин

Бархӯрди мотосиклҳо ҳангоми ҷашни Рӯзи Бастилия дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG