Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Иноятов аз ҳаққи сафар ба хориҷи Узбекистон маҳрум шуд


Вазири пешини Хадамоти амнияти Узбекистон
Вазири пешини Хадамоти амнияти Узбекистон

Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон номи Шариф Иноятов, писари 43-солаи раиси пешини хадамот Рустам Иноятов ва Бобур Парпиев, писари 40-солаи раиси пешини Кумитаи андоз Ботир Парпиевро ба рӯйхати шахсоне ворид кардааст, ки наметавонанд ин кишварро тарк кунанд.

Дар ин бора як афсари Нирӯҳои марзбонии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон хабар дод.

Як манбаи наздик ба раҳбарияти бонки "Orient Finans Bank" рӯзи 2 апрел гуфт, марзбонони Узбекистон рӯзи 30 март ба мудири ин бонк Бобур Парпиев иҷозат надодаанд, ки тавассути фурудгоҳи Тошканд ин кишварро тарк кунад. Дар ҳоли ҳозир, ӯ фаъолияти худро идома медиҳад ва бар зиддаш ҳеч гуна чораи дигаре андешида нашудааст.

Як масъули Вазорати корҳои дохилии Узбекистон гуфт, номи раҳбари ширкати содиркунандаи меваи хушк - Uzgardens Шариф Иноятов низ ба рӯйхати шахсоне ворид шудааст, ки наметавонанд кишварро тарк кунанд.

Ба гуфтаи як манбаи наздик ба Додситонии кулли Убекистон, мақомот дар пайи фирори писари додситони кулли пешин Алишер Қодиров ва кӯшиши гурехтани писари муовини аввали додситони Тошканд Абдурашид Мирзоев аз ватан даст ба ин иқдом задаанд, то аз фирори "шоҳидон"-и парвандаҳои ҷиноии "бузург" пешгирӣ кунанд.

Дар Додситонии кулли Узбекистон гуфтанд, ки аз ворид шудани номҳои Иноятов ва Парпиев ба рӯйхати мазкур хабар надоранд.

XS
SM
MD
LG