Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путину Эрдуғон дар Туркия мулоқот мекунанд


Анкара, декабри соли 2017
Анкара, декабри соли 2017

Президенти Русия Владимир Путин қарор аст рӯзи 3 апрел бо ҳамкори туркаш Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар Анкара дидору мулоқот кунад. Ин нахустин сафари хориҷии Путин баъди пирӯзии навбатиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи гузашта мебошад. Кремлин гуфт, ки Путин ва Эрдуғон аз маросими шурӯи кори як нирӯгоҳи ҳастаӣ тавассути конфронси видеоӣ назорат мекунанд.

Ин пойгоҳ бо ширкати ҷониби Русия бунёд шудааст. Дар ҷаласаи ду президент қарор аст ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷониба, ҷузъиёти харидории системаи дифои ҳавоии мушакӣ аз Русия ва ҳам вазъи Сурия баррасӣ шавад. Рӯзи 4 апрел раҳбарони Туркия ва Русия қарор аст дар Анкара дар мулоқоти сеҷониба бо ширкати президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ииштирок кунанд.

Дар ин ҷаласа ҷанги ҳафтсолаи Сурия баррасӣ мешавад, ки ҳарсе кишвар дар ин низоъ амиқан дахил ҳастанд. Баъди он ки ноябри соли 2015 Туркия як ҳавопаймои низомии Русияро дар наздикиҳои марзи Сурия суқут дод, равобити ду кишвар бад шуд, вале баъди он муносибати ду ҷониб беҳбуд ёфт ва ҳарду кишвар ҳам бо Ғарб муносибатҳои худро бад карданд.

XS
SM
MD
LG