Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси ширкати IRS дар Тоҷикистон барканор шуд


Асомиддин Азизов, раиси ширкати Innovative Road Solutions (IRS) дар Тоҷикистон, аз мақоми худ барканор шудааст. Далери Абдулло, раиси дафтари матбуоти ширкати IRS, рӯзи 3-юми апрел ин хабарро тасдиқ кард. Аммо гуфт, «Азизов бо далели вазъи саломаташ бо хоҳиши худ аз вазифа рафт”.

Ӯ гуфт, ки Асомиддин Азизов тақрибан панҷ сол ба ҳайси раиси ин ширкат фаъолият дошт ва “дар ин муддат барои таъмиру тармим ва нигоҳдории роҳҳои таҳти назораташ дар Тоҷикистон корҳои муҳиме анҷом дод”.

Ширкати Innovative Road Solutions соли 2009−ум дар минтақаи офшории Ҷазираҳои Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Дар Тоҷикистон танҳо филиали он амал мекунад. Масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ аз роҳи Душанбе-Чаноқ тибқи як созишномаи консесионӣ соли 2009 бо ҳукумати Тоҷикистон ба ихтиёри ин ширкат вогузошта шудааст.

Ин созишномаро вакилони порлумони Тоҷикистон ҳам он замон ҷонибдорӣ карданд, ҳарчанд касе аз вакилон намедонист, молики аслии ин ширкат кист. То ба ҳол ҳадсу фарзияҳои фаровоне роҷеъ ба моликони ин ширкат дар расонаҳо ва миёни мардум сайр дорад.

XS
SM
MD
LG