Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби истирдоди Гулен дар робита ба куштори сафири Русия


Фатҳулло Гулен
Фатҳулло Гулен

Додгоҳи Туркия амри боздошти рӯҳонии муқими ИМА Фатҳулло Гулен ва ҳафт гумонбари дигарро дар робита ба куштори Андрей Карлов, сафири Русия дар Анкара, содир кард. Дар ин бора хабаргузории давлатии Туркия рӯзи 2-юми апрел гузориш дод.

19-уми декабри соли 2016 корманди пулиси Туркия, ки хориҷ аз ифои вазифа буд, дар намоишгоҳи аксҳо ба сӯи Андрей Карлов оташ кушод ва ӯро ба ҳалокат расонд. Мавлуд Мерт Олтинтош баъдан аз тири пулис кушта шуд.

Хабаргузории "Анадолу" рӯзи душанбе гуфт, Гулен ва ҳафт нафари дигар мехостанд "низоми конститусиониро баҳам бизананд" ва "куштори сафирро барномарезӣ карданд".

Мақомоти Туркия мегӯянд, қотили Андрей Карлов бо Фатҳулло Гулен, ки Анкара ӯро барои гӯё табаддулоти номуваффақи моҳи июли соли 2016 дар ҷустуҷӯ қарор додааст, робита дошт. Фартҳулло Гулен иттиҳомро рад мекунад. Амрико низ ӯро ба Туркия намедиҳад ва мегӯяд, ки айбҳои пешгузоштаи Анкара алайҳи рӯҳонӣ ангезаи сиёсӣ дорад.

XS
SM
MD
LG