Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон изҳороти фармондеҳи амрикоиро "беасос" хонд.ВИДЕО


Тоҷикистон ба таври расмӣ ба изҳороти фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Амрико дар Афғонистон посух дод ва онро "беасос" ва "боиси таассуф" донист.

Ҷон Николсон, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рӯзи 23-юми март дар як гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфта буд, ки гурӯҳи Толибон дар Афғонистон тавассути марзи Тоҷикистон бо силоҳ таъмин мешавад.

Дар се соли ахир мақомҳои ғарбӣ борҳо Русияро ба ҳимоят аз гурӯҳи Толибон муттаҳам карданд. Расонаҳои ғарбӣ ҳамчунин дар гузашта навишта буданд, ки силоҳҳои русӣ ба Толибон тавассути марзи Тоҷикистон интиқол дода мешаванд.

Ба гуфтаи ин генерали амрикоӣ, силоҳҳо аз марзи Тоҷикистон ба Афғонистон қочоқ шуда ва русҳо размоишҳоеро дар марзи Тоҷикистон барои муқобила бо терроризм баргузор кардаанд, ки онҳо миқдори зиёде аз силоҳ бо худ меоваранд ва вақте мераванд, миқдоре аз онро дар маҳал мемонанд.

Дар изҳороти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки нимашаби 26-уми март ба нашр расид, омадааст, ки Душанбе ҳеҷ гоҳ машруъияти гурӯҳи Толибонро эътироф накардааст ва ҷонибдори ҳалли мусолиматомези қазияи Афғонистон мебошад. Ин изҳорот мегӯяд, ки Тоҷикистон "ҳаргиз қаламрави худро барои иҷрои чунин амалҳо, ки хилофи равишҳои бунёдии сиёсат ва мавқеи усулии кишвар дар масъалаҳои сулҳу амният аст, ба ихтиёри кишварҳои дигар нагузоштааст."

Марзбонони тоҷик: "Сарҳад ба таври ҷиддӣ зери назорат аст"

Ҷон Николсон.
Ҷон Николсон.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон низ ин гуфтаҳои генерал Ҷон Николсонро радд карданд. Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 27-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки чунин боварҳо, ки гӯё пас аз размоишҳои низомӣ ин силоҳҳо ба он сӯи марз интиқол дода мешавад, "ҳеҷ гуна асос воқеӣ" надорад.

Тоҷикистон изҳороти фармондеҳи амрикоиро "беасос" хонд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:33 0:00

Ба гуфта ин мақоми Сарраёсати марзбонӣ, дар ҳоли ҳозир тӯли марз бо Афғонистон зери назорати сарҳадбонон қарор дорад ва аз қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ ҷилавгирӣ мешавад.

Русия ҳам изороти Николсонро радд кард

Русия низ изҳороти ахири фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистонро, ки дар мусоҳиба бо Бӣ-Бӣ-Сӣ гуфта буд, "Русия аз Толибон ҳимоят ва ҳатто барояшон силоҳ фароҳам мекунад", рад карда буд. Сафорати Русия дар Кобул рӯзи 25-уми март бо нашри як изҳорот гуфтаҳои мақоми баландпояи низомии Амрикоиро "овоза" хонд ва онро "беасос" донист.

Дар се соли ахир мақомҳои ғарбӣ борҳо Русияро ба ҳимоят аз гурӯҳи Толибон муттаҳам карданд. Аз ҷумла, дар моҳи апрели соли 2017 Фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз эҳтимоли ирсоли силоҳҳои русӣ ба гурӯҳи Толибон хабар дод ва гуфт, ки агар Маскав барои шӯришиён кӯмаки таслиҳотӣ кунад, Вашингтон бо ин мухолифат хоҳад кард.

Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.
Марзи Тоҷикистон ва Афғонистон.

Аз ин қабл як афсари баландпояи амрикоӣ ба хабарнигорон гуфта буд, ки Русия силоҳҳое монанди "Калашников" ва абзорҳои ҷангии миёна, назири пулемётро дар ихтиёри Толибон мегузорад. Ин афсари аршад, ки номаш фош нашуд, гуфта буд, ки Толибон аз ин силоҳҳо дар вилоятҳои Ҳилманд, Қандаҳор ва Урузгон истифода мекунанд.

Соли 2016 низ як намояндаи Хадамоти ҷосусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфта буд, ки Маскав гурӯҳи Толибон дар Афғонистонро бо пул ва силоҳ таъмин мекунад. Ин намояндаи Хадамоти ҷосусии Амрико ба хабаргузори Associated Press гуфта буд, Русия равобиташро бо гурӯҳи Толибон таҳким бахшида ва аз ин гурӯҳ ҷиддан пуштибонӣ менамояд. Баъзе мақомҳои Афғонистон низ охири соли 2016 гуфтанд, ки Толибон аз тариқи марзҳои баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ аз тарафи Русия таъмин ва танкҳояшон таъмир мешавад.

Русия ирсоли аслиҳа барои Толибонро радд мекунад ва ба гуфтаи мақомҳои русӣ, тамоси онҳо бо Толибон, танҳо даъвати онҳо ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон аст. Русия ҳамчунин хостори лағви таҳримҳо алайҳи он раҳбарони Толибон мебошад, ки ба гуфтугӯҳои сулҳ бо ҳукумати Афғонистон ва раванди оштии миллӣ, ҳамкорӣ мекунанд.

Толибон кистанд?

Толибон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар миёнаҳои солҳои 90-и асри гузашта дар фазои сиёсии Афғонистон арзи вуҷуд карда, дар соли 1996 Кобул ва аксари қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. Режими Толибон, ки дар манотиқи таҳти назораташ меъёрҳои шадиди мазҳабиро ҷорӣ карда буд, дар поёни соли 2001 аз сӯи эътилофи байналмилалии таҳти раҳбарии Амрико сарнагун карда шуд.

Аммо ин гурӯҳ ба муқовиматаш идома дод ва баъди хуруҷи нирӯҳои ҷангии эътилоф дар ду соли пеш, ба пешрафтҳое ноил шуда, ҳатто бархе аз манотиқи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф кардааст.

XS
SM
MD
LG