Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ш.Раҳимзода: "Тоҷикистон ба поин рафтани нархи маҳсулот манфиатдор аст "


Марзи Тоҷикистон ва Узбакистон.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки ҷонибдори воридоти маҳсулоти арзон аз хориҷи кишвар ҳастанд. Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи иқтисод ва будҷаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар вокуниш ба хабарҳо дар бораи ихтилофҳо миёни соҳикборони тоҷику узбек дар заминаи нархи маҳсулот гуфт, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ ҳеҷ кас ё ниҳоде ҳаққи мудохила ба ин равандро надорад.

Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи муноқиша миёни соҳибкорони тоҷику узбек дар заминаи нархи маҳсулот дар бозорҳоро радд мекунанд.

Шариф Раҳимзода аз хабарҳо дар бораи рух додани ҳодисаҳои нофаҳмӣ миёни тоҷирони тоҷик ва узбек дар шаҳрҳҳои Конибодом ва Ҳисор изҳори таассуф кард ва гуфт, ки "вуқӯи чунин ҳодисаҳо падидаи муваққатӣ аст. Зеро, равандҳои иқтисоди бозорро касе ва ҳатто мақомот наметавонад таъсиррасон бошад. Эҳтимол дорад, ки бархе аз тоҷирон маҳсулоти фурӯшии худро қаблан бо нархи қиматтар харидорӣ кардаанд ва ҳоло зарари молӣ мебинанд. Аммо, дар маҷмӯъ бозор нарху наворо худ муайян месозад".

Шариф Раҳимзода.
Шариф Раҳимзода.

Ҷаноби Раҳимзода дар посух ба ин савол, ки оё мақомот барои пешгирӣ аз вуқӯи чунин ҳодисаҳо иқдоме мекунад ё не, гуфт, ки "мудохила ба нархгузорӣ дар бозорҳо дар салоҳияти мақомот нест. Вале, мусаллам аст, ки мақомоти Тоҷикистон ба пойин рафтани нархҳо манфиатдор аст, зеро ин амр ба фоидаи сокинони кишвар мебошад. Ба ин хотир, мақомот талош хоҳад кард, ки аз воридоти маҳсулоти арзони аз Узбекистон ҳимоят кунад ва соҳибкорони тоҷикро зарур аст тавлидоти худро бознигарӣ кунанд".

ВКД: "Ҳеҷ гуна ихтилоф сар назадааст"

Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи муноқиша миёни соҳибкорони тоҷику узбек дар заминаи нархи маҳсулот дар бозорҳоро радд, мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ахиран дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳои хабарӣ дар бораи ҷанҷол миёни соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёни узбекистониашон, ки борҳои арзонро ба бозори Тоҷикистон ворид мекарданд, хабарҳо ба нашр расида буд.

Умарҷони Эмомалӣ.
Умарҷони Эмомалӣ.

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 26-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки мақомоти ин вазоратхона хабарҳо дар мавриди вокуниши тунди тоҷирони тоҷик ба соҳибкорони узбек дар ноҳияи Конибодоми вилояти Суғд ва ҳамчунин шаҳри Ҳисорро мавриди санҷиш қарор доданд. Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, тафтиши онҳо нишон дод, ки чунин ҳодисае миёни соҳибкорони ду кишвар на дар Конибодом ва на дар Ҳисор рух надодааст.

Сухангӯи вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки ин вазорат ба ҳама кормандонаш дастур додааст, ки дар бархӯрд бо меҳмонон аз Узбекистон хушмуомила бошанд ва ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд. "Ин дастур аз нозирони роҳ то нозирони минтақавӣ дар бозорҳо дахл дорад",-афзуд вай.

Коршиносон мегӯяд, ки танҳо аз роҳи таблиғот намешавад ин мушкилро ҳал кард ва рақобати солимро дар бозор таъмин намуд. Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон 26 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шарҳи ин мавзӯъ гуфт, ки воридоти маҳсулоти арзон аз Узбекистон охири кор дар тиҷорати минтақавӣ нест.

Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон.
Матлуба Ӯлҷабоева, раиси Анҷумани соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон.

"Баъд аз Узбекистон ҳамакнун ба Тоҷикистон маҳсулоти арзони тавлиди Қазоқистон ва сипас маҳсулоти боз ҳам арзонтар аз Қирғизистон ворид мешавад. Корҳои таблиғотӣ барои таҳаммули воридоти маҳсулоти арзони Узбекистон чандон муассир нест. Бояд шароити фаъолияти соҳибкорони тоҷикро беҳтар сохт, то онҳо тавонанд маҳсулоти рақобатпазир тавлид кунанд. Мутаассифона, ҳоло шароити соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар Тоҷикистон чандон ҷавобгӯи бозор нест ва ин амр соҳибкорони тоҷикро дар муқобили маҳсулоти воридотии арзони кишварҳои ҳамсоя осебпазир месоза", - гуфт Матлуба Ӯлҷабоева.

Тоҷирони узбекро кӣ аз фурӯши орд боздошт?

Радиои Озодӣ рӯзи 20-уми март гузориш дод, ки як гурӯҳ тоҷирони узбек бо мошинҳои пур аз халтаҳои орд вориди Душанбе шуданд ва омода буданд, ки як халтаи ордро яклухт бо қимати 80 сомонӣ ва дар шакли чакана бар ивази 107 сомонӣ ба фурӯш гузоранд, аммо тоҷирони маҳаллӣ монеи ин кори онҳо шуданд.

Як тоҷири "Автобазаи 2927" дар шаҳри Душанбе, ки макони фурӯши яклухти орд ба ҳисоб меравад, гуфт, тоҷирони узбек борашонро ба инҷо оварда хостаанд ба фурӯш бароранд, аммо тоҷирони бузурги орд онҳоро аз инҷо рондаанд. Тоҷирони узбек пас аз онки дар ҳеҷ яке аз бозорҳои Душанбе имкони бо чунин нарх ба фурӯш гузоштани маҳсулоташонро наёфтанд, ба шаҳри наздимарзии Турсунзода баргаштаанд.

Моли арзони Узбекистон ба кӣ маъқул нест?
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:41 0:00

Назар Одиназода, муовини раиси Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон, рӯзи 20-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз аз соҳибкорони узбек ҳеч шикоят ба унвонии онҳо ворид нашудааст. "Мо дар ин бора ҳеҷ маълумот надорем. Мо танҳо тибқи иттилои расмӣ кор мекунем", - гуфт Одиназода.

Ин мақоми тоҷик гуфт, аз посух додан ба суоли инки оё ин ниҳод аз мавридҳои рақобати носолим ва монеъ шудан аз роҳёбии маҳсулоти арзони Узбекистон ба бозорҳои кишвар ҷилавгирӣ хоҳад кард, ё на, худдорӣ кард.

Дар замони сард будани робитаҳо, Тоҷикистон бо Узбекистон камтарин робитаҳои иқтисодиро дошт. Дар соли 2015 ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар ҳамагӣ 12 миллион доллар буд. Аммо дар соли 2017 бинобар иттилои охирини Хадамоти гумрук гардиши савдо миёни ду кишвар ба 126 миллион доллар расид, ки аз ин ҳисоб беш аз 69 миллион доллараш воридоти молҳои Узбекистон ба Тоҷикистон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG