Рӯзи 22-юми март дар Ню-Йорк ҷаласаи бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал – “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” шурӯъ мешавад, ки дар кори он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок хоҳад кард. Ҳайати баландпояи мақомоти тоҷик ду рӯз пеш бо ҳадафи ширкат дар ин ҷаласа ба Амрико рафтанд.
Вебсайти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 21-уми март дар остонаи шурӯи ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон бо дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот кард. “Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар масъалаи истифодаи самараноки обу энергетика ба манфиати мардуми Тоҷикистон ва минтақа, инчунин “Энергияи устувор барои ҳама” муҳокима шуд”, - омадааст дар хабари расмӣ.
Дар ин мулоқот масоили марбут ба Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва мавзӯи ислоҳот дар низомномаи Созмони Милал баррасӣ шуд. Қарор аст, дар Душанбе рӯзҳои 20-22-юми июни соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалиро оид ба масъалаҳои об баргузор шавад.
Тоҷикистон, ки дар болооби Осиёи Марказӣ қарор дошта, захираҳои ғании обро дорад, пайваста таъкид мекунад, ки аз сиёсати тақсими одилонаи захираҳои оби минтақа пуштибонӣ мекунад. Ин таъкид бори охир дар мулоқоти нахустини президентони Тоҷикистону Узбекистон рӯзи 9-уми март дар Душанбе садо дод.
Дар мулоқот бо дабири кулли СММ инчунин суҳбат аз саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо чолишҳои ҷаҳоние ба мисли терроризму ифротгарӣ ва қочоқи маводи мухаддир, таъмини амнияти марз бо Афғонистон низ рафт, ки дар қаламраваш гурӯҳҳои ситезаҷӯи мусаллаҳ фаъол ҳастанд. Интизор меравад, дар Душанбе 3-4-уми майи имсол конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ баргузор шавад ва дар баробари ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҷаласа дипломатҳои СММ, Иттиҳоди Аврупо, САҲА ва дигар шарикон иштирок хоҳанд кард.