Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

$500 000-и Амрико зидди қочоқи "бомбаи чиркин" ба Тоҷикистон. ВИДЕО


Дувоздаҳ гузаргоҳи марзии Тоҷикистон бо таҷҳизоти ошкорсозии маводи ҳастаӣ ва силоҳи қатли ом таъмин шудааст. Интизор меравад, то соли 2021 дар нуздаҳ гузаргоҳи дигари кишвар, аз ҷумла фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе, чунин таҷҳизот насб шавад.

Гузориши видеоӣ инҷост:

$500 000-и Амрико зидди қочоқи "бомбаи чиркин" ба Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:36 0:00

Нигаронии Амрико аз "бомбаҳои чиркин"

Сабаби нигаронии Амрико аз вазъи ҳифозати марзҳои Тоҷикистон ба ин далел аст, ки бо Афғонистони ҷангзада беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад. Мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ки дар он сӯи Ому гурӯҳҳои террористие ба мисли Толибон ва гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар фикри таҳияи "бомбаҳои чиркин" ҳастанд.

Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон, танҳо дар соли 2017 аз талоши қочоқи тақрибан 100 кило симоб ба Тоҷикистон ва берун аз он ҷилавгирӣ шудааст.

Маркази минтақавии омӯзиши маъмурони интизомӣ барои ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи ҳастаӣ ва силоҳи қатли ом дар қисмати шарқии пойтахти Тоҷикистон бо тақрибан 500 ҳазор доллари Амрико бунёд шудааст. Кевин Коверт, кордори сафорати ИМА дар Тоҷикистон, рӯзи 20-уми март гуфт, ҳукумати Амрико инчунин омӯзиши кормандони ин ниҳод дар марказҳои таълимии МАГАТЭ ё Созмони ҷаҳонии назорат бар силоҳи ҳастаиро сармоягузорӣ кардааст.

Вай афзуд, ин маркази таълимӣ имкон медиҳад Тоҷикистон ва минтақаро аз хатари қочоқи силоҳи қатли ом ва маводи ҳастаӣ эмин нигаҳ дорад. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи Коверт, тақвияти марзҳои Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз воридоти силоҳи қатли ом аз манофеи муштараки Амрико бо ин кишвар мебошад.

Зимнан, ҳукумати ИМА аз соли 1992 ба манзури ҳимояти рушди иқтисодӣ, ниҳодҳои демократӣ, тандурустӣ, маориф ва таъмини амнияти Тоҷикистон беш аз 1,8 миллиард доллар кумак кардааст.

Илҳом Мирсаидов, мудири Оҷонси назорат ба маводи ҳастаӣ ва ҷилавгирӣ аз қочоқи силоҳи қатли ом дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ифтитоҳи ин марказ дар чаҳорчӯби барномаи миллии зидди терроризм аз соли 2016 сурат гирифтааст.

Маркази минтақавӣ барои пешгирӣ аз қочоқи маводи ҳастаӣ

Ба гуфтаи ӯ, дар ин марказ кормандони ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон аз устодони дорои шаҳодатномаи МАГАТЭ ё Созмони байналмиллалии назорат ба силоҳи ҳастаӣ дар бораи роҳҳои мубориза бо ин зуҳуротро меомӯзанд. Нозирони МАГАТЭ тӯли се ҳафта бо зарфияти ин марказ ошно шуда, онро мутобиқ ба меёрҳои байналмиллалӣ арзёбӣ кардаанд.

Илҳом Мирсаидов афзуд, "дар оянда ҳадаф дорем, ин марказро аз сатҳи минтақавӣ ба сатҳи байналмиллалӣ бирасонем. Маркази мо пешбинӣ кардааст, ки ҳамасола барои кишварҳои минтақаи худ 6 давраи омӯзишӣ баргузор кунем."

Таъсиси ин марказ дар ҳолест, ки солҳои ахир мақомоти тоҷик аз чанд мавриди талоши қочоқи маводи "симоби сурх" хабар доданд. Ҳолатҳое ошкор шудаанд, ки ин маводро талош мекарданд аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ва сипас ба Афғонистон интиқол диҳанд.

"Симоби сурх" як навъ маводи кимиёвист, ки ҳамчун яке аз охирин дастовардҳои саноати силоҳсозии Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ мешавад ва гӯиё онро дар сохтани бомби ҳастаӣ истифода мебаранд.

Гузаргоҳҳои марзӣ ҳам муҷаҳҳаз мешаванд

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳҳои террористии ҷаҳон солҳо боз дар фикри таҳияи "бомбаи чиркин" ҳастанд ва маълум аст, ки бисёре аз ин гурӯҳҳо дар Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон барои худ паноҳгоҳи амн ёфтаанд.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 20-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, солҳои гузашта чанд хабари боздошти чунин мавод дар марзи Тоҷикистон аз сӯи маъмурони Хадамоти гумруки Тоҷикистон дастрас шуда буд.

Яке аз гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон.
Яке аз гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистон ва Афғонистон.

Ба гуфтаи Улуғхоҷаев, Хадамоти гумрук барои ошкор кардани чунин мавод таҷҳизоти зарурӣ дар ихтиёр дорад ва метавонад аз дохили пинҳонгоҳҳои мошинҳои боркаш аз талоши қочоқчиён ҷилавгирӣ кунад. "Нерӯҳои марзбонӣ ҳоло ҳадаф доранд гузаргоҳҳои марзиро бо чунин таҷҳизот муҷаҳҳаз созанд",-афзуд Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев.

Тибқи иттилои маркази матбуотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, танҳо дар соли 2017 дар маҷмӯъ аз талоши қочоқи ҳудуди 100 кило симоб ба Тоҷикистон ва берун аз он ҷилавгирӣ шудааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG