Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рязан 13 қирғизистониро аз ғуломӣ наҷот доданд


Вазорати умури дохилии Қирғизистон мегӯяд, дар якҷоягӣ бо пулис ва Хадамоти муҳоҷирати Русия 13 муҳоҷири қирғизро аз ғуломӣ дар шаҳри Рязан озод карданд.

Ба иттилои манбаъ, раҳбарони ширкати "Феврал" -- як шаҳрванди Русия ва як зодаи Ветнам, ки ҳоло шахсияташ номаълум аст, дар сехи дузандагии худ ҳудуди 100 одам, аз ҷумла 13 шаҳрванди Қирғизистонро ҳамчун ғулом кор мефармуданд.

Ин афрод барои кор ба сехи дузандагӣ бо миёнаравии як шаҳрванди дигари Қирғизистон ҷалб шуда буданд.

Дар асоси қарордод, шаҳрвандони Қирғизистон мебоист бар ивази 12 соати корӣ дар як рӯз бо ғизову ҷойи хоби ройгон таъмин шуда, дар як моҳ ду бор моҳона мегирифтанд. Вале дар асл ҳеч кадом аз ин шартҳо иҷро нашуданд.

Бад аз омадани шаҳрвандони Қирғизистон ба Русия, корфармоён шиносномаҳои онҳоро гирифта, иҷборан дар як рӯз 20 соат кор фармуданд. Барои омода кардан ва истеъмоли ғизои нисфирӯзӣ ба онҳо ҳамагӣ 40 дақиқа вақт медоданд.

Коргарон мегӯянд, бисёре аз онҳо хостанд, қарордодро бекор кунанд, вале корфармоён онҳоро дар сех иҷборан нигоҳ медоштанд. Дар натиҷа яке аз шаҳрвандони Қирғизистон ба ин шароит тоб наоварда, рагҳои дасти худро буридааст. Ҳамкоронаш хостанд, ёрии таъҷилӣ даъват карда шавад, вале раҳбарияти ширкат гуфтааст, даъвати ёрии таъҷилӣ пулакӣ аст ва маблағро бояд худи коргар пардохт кунад.

Мақомоти Русия зидди раҳбарияти ширкати "Феврал" парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

XS
SM
MD
LG