Инкори Русия дар заминаи даст доштанаш дар заҳролудшавии ҷосуси пешини Идораи кулли истихборот Сергей Скрипал то рафт пучу бемаънӣ мешавад. Дар ин бора вазири умури хориҷии Британия Борис Ҷонсон рӯзи 19 март ҳангоми суханронӣ дар ҳузури вазирони хориҷии Иттиҳоди Аврупо изҳорот дод.
Борис Ҷонсон гуфт, "онҳо аввал мегӯянд, ки ҳеҷ гоҳ "Новичок"-гази фалаҷкунандаи асабро, ки Скрипал ва духтараш бо истифода аз он заҳролуд шуд, истеҳсол накардаанд. Боз мегӯянд, ки "Новичок" истеҳсол шуда буд, аммо захоири он нест карда шуд, вале баъзеяш ба таври асрорангез дар Шведсия, Ҷумҳурии Чех, Словакия , ҳатто Амрико ва шоҳигарии Британия пайдо шуд".
Ба гуфтаи вазир, Британия бо шеваи классикии стратегияи Русия, пинҳон кардани сузан дар тӯдаи коҳи дурӯғ, рӯ ба рӯ шуд. Аммо ӯ афзӯд, ки баъди 12 соли марги Александр Литвиненко дар Лондон, касе ба русҳо бовар намекунад.
Ҷонсон гуфт, "дар гирди мизи Брюссел кишвареро ёфтан душвор аст, ки ба ин ё он бадкорӣ ва рафтори харобкоронаи Русия рӯ ба рӯ нашуда бошад, аз ин рӯ иродаи ҳамтоҳои аврупоии мо қатъи аст".
Раҳбари бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Моғеринӣ рӯзи душанбе дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки баъди гузориши Борис Ҷонсон дар мулоқоти вазирони ИА, мавқеи нави иттиҳоди Аврупо дар робита ба заҳролудшавии Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, қабул хоҳад шуд.
Рӯзи 4 март Сергей Скрипал, ҷосуси пешини Идораи истихбороти кулли Русия ва духтари ӯ Юлия дар шаҳри Солсберӣ аз гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шуданд. Вазъи онҳо бисёр вазнин арзёбӣ мешавад. Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Британия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.