Дар чанд ҷумла
Зоиров: Дар шароити кунунӣ узви ҲСДТ будан қаҳрамонист
Раҳматилло Зоиров – раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон – дар шароити кунунӣ узвият ва тарафдорӣ аз ҳизбашро қаҳрамонӣ донист.
Ӯ рӯзи 18-уми март дар як паёми бахшида ба бистсолагии таъсиси ҲСДТ гуфт, “дар назди ҳар яке аъзо ва ҷонибдорони ҳизб сари таъзим фуруд меорам.”
Анҷумани нахустин ё таъсисии Ҳизби сотсиал-демократ 18-уми марти соли 1998 баргузор шудааст. Раҳматилло Зоиров дар паёми идонааш гуфт, ҲСДТ аз рӯзи таъсис “ба муборизаи сиёсии созанда ворид шуда, танҳо дар чаҳорчӯби қонун амал мекунад ва хоҳад кард.”
“Барои ҲСДТ дарёфти давлати адолатпеша ва ҳуқуқбунёд, муҳофизати манфиатҳои ҷомеаи озоду таҳаммулпазир ҳадафи асосӣ буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд”, - таъкид кардааст ӯ.
Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон бо тақрибан 12 ҳазор узв яке аз ҳафт ҳизби сиёсӣ дар кишвар аст, ки расман фаъолият дорад. Коршиносон мегӯянд, аммо тақрибан ду сол боз ин ҳизби мухолиф аз худ камтар дарак дода, саҳнаи сиёсатро холӣ гузоштааст.
Дар гузашта талошҳои ин ҳизб барои касби курсӣ дар порлумон бенатиҷа анҷомида, ин ҳизб дурустии натиҷаҳои интихоботро ҳамеша зери суол бурдааст.
Аммо ахиран баъзе намояндагони ин ҳизб гуфтанд, ки ин созмони сиёсӣ дар шароити кунунӣ ба таври зарурӣ корашро пеш бурда наметавонад ва беҳтар аст, муваққатан баста шавад.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Боздошти дубораи Абдусалом Азизов, раиси пешини амнияти Узбекистон
Абдусалом Азизов, собиқ раиси Хадамоти амнияти Узбекистон, шаби 22-юми ноябр боздошт ва ба ҳабс гирифта шудааст.
Як манбаи бахши узбекии Радиои Озодӣ дар ниҳодҳои қудратии Узбекистон гуфт, зиёда аз даҳ низомии мусаллаҳ ӯро аз хонааш бо дастбанд ва халта бар сар бурданд.
Дар бештар аз се моҳи охир бори дувум аст, ки раҳбари пешини Хадамоти амнияти Узбекистон дастгир мешавад.
Ӯ 66-сола аст.
Азизов бори аввал моҳи августи имсол дастгир ва дертар шартан ва то поёни тафтишот раҳо шуд.
Сабабҳои боздошти дубораи ӯ то ҳол маълум нест. Мақомоти расмӣ дар ин бора изҳороте надодаанд.
Нашрияи "Элтузар" бо истинод ба манбаъҳои худ хабар додааст, ки баъди боздошти дубора, Азизов аз рутбаи низомии генерал-лейтенант, хонаи давлатӣ ва имтиёзҳои дигар маҳрум гашт.
Ба гуфтаи манбаъҳо, Азизов ба суистифода аз қудрат ё мансаб, азхудкунии пул ва ҳамчунин фурӯши қитъаҳои замин дар Тошканд гумонзад будааст.
Абдусалом Азизов, ки беш аз панҷ сол раҳбарии Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон-ро бар уҳда дошт, моҳи ноябри соли 2024 аз мақом барканор шуд.
Дертар ба ҳайси муовини ёвари президент кор кардааст. Дар бораи барканории ӯ аз ин мақом ҳанӯз иттилои расмӣ нашр нашудааст.
Ихроҷи 34 ҳазор муҳоҷир аз Русия дар бист рӯзи амалиёти "Нелегал"
Бино ба омори расмӣ, танҳо дар муддати бист рӯз дар амалиёти маъруф ба "Нелегал" 34 ҳазор хориҷӣ ва бахусус муҳоҷирони кориро аз Русия берун ё “депортатсия” кардаанд.
Вазорати корҳои дохилии Русия рӯзи 24-уми ноябр гуфт, ки ин шумора “дар муқоиса бо амалиёти “Нелегал” дар соли гузашта ҳаштод дар сад зиёд аст”.
Ба гуфтаи муҳоҷирон, ки ба Радиои Озодӣ ҳам муроҷиат мекунанд, баъзе аз чунин боздошту фишорҳо барои маҷбур кардани онҳо ба ширкат дар ҷанги Украина бастагӣ дорад.
Тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина ошкор кардааст, ки танҳо дар нӯҳ моҳи имсол Русия бо ваъдаву фиреб ё зӯр 1400 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷани зидди Украина бурдааст.
Амалиёти "Нелегал" дар Русия аз 1 то 10-уми июн ва аз 1 то 10-уми октябри имсол сурат гирифтааст.
Дар бораи онки чӣ қадар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷараёни ин амалиёт ихроҷ шудаанд, иттилое нест, вале бар асоси омори расмии Русия дар давоми 9 моҳи имсол қарори ихроҷ ё депортатсияи 22 ҳазор тоҷикистонӣ аз Русия содир шудааст.
Илова бар ин, ба иттилои Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон, мақомоти Русия аз аввали сол беш аз 30 ҳазор шаҳрванди кишварро аз фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ бозпас гардондаанд.
Муколамаи Душанбе. Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон чӣ хост?
Иттиҳоди Аврупо аз идомаи маҳдудияти озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, аз ҳукумат хостааст, барои блогерону рӯзноманигорони мустақил, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва ҳомиёни ҳуқуқи инсон шароити муносиб фароҳам оварад.
Ин даъват дар муколамаи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи инсон садо додааст. Ҳамоиш рӯзи 23-юми ноябр дар шаҳри Душанбе гузашт.
Бино ба баёнияи Иттиҳоди Аврупо, ин ниҳоди иборат аз 27 кишвар аз Тоҷикистон озодии фаврӣ ва бечунучарои як гурӯҳ аз зиндониёнро низ дархост кардааст. Дар эъломия аз касе ном нагирифтаанд.
Тоҷикистон солҳои охир барои боздошту ҳабси мухолифону мунтақидони ҳукумат ба шиддат танқид мешавад. Дар чаҳор соли охир даҳ рӯзноманигору блогери тоҷик дастгир ва ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуда, то кунун се тани онҳо бар асоси қонуни афв озод гаштаанд.
Ба ҳамин монанд, чанд вакили мудофеи мустақил, ба мисли Бузургмеҳр Ёров, Манучеҳр Холиқназаров ва Фаромуз Иргашев низ зиндонӣ ҳастанд. Ҳарчанд мақомот ин афродро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ ё ифротгароӣ гунаҳкор кардаанд, худашон ва созмонҳои байнулмилалӣ ин парвандаҳоро дорои ангезаи сиёсӣ меноманд.
Ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Ева Палатова, мудири бахши Осиёи Марказӣ дар Хадамоти хориҷии ин ниҳод ва ҳайати Тоҷикистонро Фирӯз Орзузода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи президент раҳбарӣ кардаанд.
Рӯшан нест, ки намояндагони Тоҷикистон дар муколамаи Душанбе чӣ гуфта ва чӣ далел пеш овардаанд. Вазорати адлия танҳо дар хабарномае гуфтааст, "ҷонибҳо дар бораи ҳуқуқи башар, пешгирии шиканҷа, демократия, дастрасӣ ба адолат, баробарии гендерӣ ва ҳамкориҳои оянда суҳбат карданд."
- Идомаи ҳамкории созанда бо ниҳодҳои байналмилалӣ;
- Иҷрои тавсияҳои Созмони Милал ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо;
- Беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи инсон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
- Бозбиниву бекор кардани қарор барои берун шудан аз Статут ё Асосномаи Руми Додгоҳи Байналмилалии Ҷиноӣ аз хостҳои дигари Иттиҳоди Аврупо аз Тоҷикистон будааст.
Иттиҳоди Аврупо дар баёнияи худ гуфтааст, ҳамкориро бо Тоҷикистон дар самти ислоҳот дар мавриди ҳуқуқи инсон, демократия, волоияти қонун ва озодиҳои бунёдӣ идома хоҳад дод. "Иттиҳоди Аврупо мақомоти Тоҷикистонро ташвиқ намуд, ки ислоҳоти ҷиддӣ дар ин самт идома ёбанд ва қонунгузорӣ ва амалкард бо уҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар соҳаи ҳуқуқи инсон комилан мутобиқ бошанд," – таъкид шудааст дар эъломия.
Дар айни замон Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, баъзе пешрафтҳои мусбатро дар Тоҷикистон сабт кардааст. Аз ҷумла, “талошҳо дар самти баробарӣ ва ҳуқуқи занон, ислоҳоти низоми зиндонҳо ва тасвиби Конвенсияи Созмони Милал дар мавриди ҳуқуқи камшуморон (маълулон)”.
Иттиҳоди Аврупо пешрафтро дар мавриди ҳуқуқи инсон, волоияти қонун ва демократия барои сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ, инчунин таҳкими муносибатҳои ду тараф муҳим донистааст.
Даври ояндаи муколама соли 2027 дар Брюссел баргузор хоҳад шуд.
Иттиҳоди Аврупо дар бештар аз 35 сол дар доираи тарҳҳои гуногун ба Тоҷикистон дастикам як миллиарду дусад миллион евро кумак кардааст. Ба ҷуз ин, ба гуфтаи мақомоти Иттиҳоди Аврупо, Тоҷикистон аз барномаҳои минтақаӣ ва сармоягузориҳо, аз ҷумла ташаббусҳое, ки тавассути барномаи Global Gateway сарморягузорӣ мешаванд, низ баҳра мегирад.
"Чор моҳ боз бенишон аст." Собирҷон аз зиндони Волгоград куҷо шуд?
Наздикони Собирҷон Ғаниев, шаҳрванди 55-солаи Тоҷикистон, гуфтанд, ки ӯ 11 моҳ пеш аз зиндони Волгоград ба ҷанги Русия дар Украина бурда шуда, чаҳор моҳи охир "куллан бенишон аст". Намедонанд, ӯ зинда аст, мурда ё асир афтодааст.
Яке аз хешовандони Собирҷон, ки дар Русия қарор дорад ва ба далели амниятӣ номаш навишта намешавад, 23-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин зодаи шаҳри Хуҷанд соли 2018 барои кор ба Русия рафта, аммо баъдан бо гуноҳи қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шуда буд.
"Давраи ҷазоро дар маҳбаси Волгоград адо мекард. Аз ҳамон ҷо ба ҷанг бурда шудааст," – гуфт мусоҳиби мо, вале афзуд, шароити ба майдони даргирӣ рафтани Собирҷон Ғаниевро намедонанд.
Пайвандон барои ёфтани Собирҷон ба мақомот дар Русия муроҷиат карда, то кунун посухе нагирифтаанд. Радиои Озодӣ ному насаби ӯро дар феҳраст ё рӯйхати зархаридон, ки тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" дар Украина тартиб додааст, пайдо накард.
"Дар моҳҳои аввали ба ҷанг рафтанаш бо мо тамос дошт. Шароити рафтанро нагуфт. Чаҳор моҳ боз аз ӯ ягон хабар нест," – илова кард мусоҳиби мо дар Русия.
Бори аввал нест, ки зиндониёни тоҷик ё маҷбурӣ ё бо ваъдаи афв аз зиндони Волгогради Русия ба ҷанг алайҳи Украина бурда шудаанд.
Рӯзи 30-юми октябри имсол гурӯҳе аз шаҳрвандони зиндонии Тоҷикистон аз маҳбаси Волгоград ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки зиндонбонҳо онҳоро зери фишор қарор додаанд, то бо артиш қарордод имзо кунанд. Мақомоти зиндони Волгоград ҷалби маҷбурии зиндониёнро ба ҷанг рад карданд, аммо зиндониён дертар гуфтанд, вазъ бадтар шуда, ҳоло фишор барои рафтан ба ҷанг сахттар гаштааст.
Ин гурӯҳи маҳбусон гуфта буданд, ки танҳо аз як зиндони Волгоград дар як соли гузашта беш аз 100 маҳбус аз Осиёи Марказӣ, ки дар миёнашон тақрибан 40 шаҳрванди Тоҷикистон низ буданд, ба ҷанги Украина фиристода шуда, “ягон нафар зинда намонд.” Мақомоти Тоҷикистон ба ин хабарҳо вокуниш накардаанд.
Русия дар ҷанги васеъмиқёсе, ки аз соли 2022 алайҳи Украина пеш мебарад, ҳазорон шаҳрванд ё зодагони Тоҷикистонро ҷалб карда, то кунун хабари кушта шудани садҳо нафари онҳо расонаӣ шудааст.
Ҳарчанд Тоҷикистон барои ҷалб ва ширкати шаҳрвандонаш дар низоъҳои мусаллаҳона ба нафъи кишварҳои дигар аз 12 то 20 сол зиндон муқаррар кардааст, то кунун ягон нафар барои иштирок дар ҷанги Украина ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода моҳи июли имсол дар нишасти матбуотӣ дар бораи ҳузури тоҷикистониҳо дар ҷанги Украина изҳори бехабарӣ кард.
"Консерти бидуни ҳиҷоб". Парастуро дар Эрон 74 шаллоқ заданд
Мақомоти Эрон рӯзи 23-юми ноябр Парасту Аҳмадӣ, овозхони ҷавон ва чаҳор навозандаи гурӯҳи ӯро 74-шаллоқӣ задаанд.
Додгоҳ ҳамчунин онҳоро ду сол аз ҳаққи овозхонӣ маҳрум кард.
Гуноҳи Парасту Аҳмадӣ ва аъзои гурӯҳ ин аст, ки моҳи декабри соли 2024 дар як корвонсарое дар вилояти Қум бидуни ҳиҷоб консертро сабт карда, дар Ютуб гузоштанд.
Консертро дар камтар аз як сол қариб севуним миллион бор дидаву садҳо дафъа бознашр кардаанд.
Созмони мустақили "Ҳуқуқи башари Эрон" аз қавли вакил Мустафо Нилӣ гуфт, ба иловаи шаллоқу ду соли маҳрумӣ аз ҳунармандӣ, ба ҳар маҳкумшуда тарк кардани қаламрави Эрон дар ду соли оянда манъ аст.
"Шаллоқ ҷазои бераҳмона ва таҳқиромез ва муғойир бо мамнӯияти шиканҷа ва дигар бадрафториҳост. Иҷрои мусиқӣ ва интихоби пӯшиш набояд ба муҷозоти баданӣ посух дода шавад," – навишт созмони ҳуқуқи башари Эрон.
Ҳоло рӯшан нест, ки пас аз иҷрои ҳукми даҳҳо шаллоқ духтари ҷавон чӣ ҳолу вазъе дорад. Як хабарнигори Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Озодӣ, рӯзи 24-уми ноябр гуфт, баъди шаллоқ бадани шахс захми зиёд мегирад ва ӯ барои муолиҷаи давомдор ба шифохона муроҷиат мекунад.
Консерти беиҷоза, аммо ҷасуронаи Парасту Аҳмадӣ, як ҳодисаи чолишбарангезе барои режими Эрон гардид: духтаре дар рӯйи саҳнаи худсохт ва дар пасманзари як корвонсарои матрука дар дили шаб наздик ба 30 дақиқа чанд оҳангро ба таври зинда иҷро кард.
Яке аз ин таронаҳо, ки дар Тоҷикистон ҳам бисёр маҳбуб аст, шеъри "Камарборик"-и Абулқосим Лоҳутӣ буд, ки бо шеваи наве иҷро гардид.
Чанд ҳамкори Парасту Аҳмадӣ ва фаъолони ҳуқуқи башар ҷазои ҳунармандонро маҳкум карданд.
Зайнаб Замон, як ҳомии ҳуқуқи инсон, гуфт: "Консерти ӯ маҷозӣ буд, вале ҷазои баданаш воқеӣ. Дар ин таърих мо шоҳиди қадам ба қадам ҷасорат ва ҳамзамон шармандагӣ паси шармандагӣ мешавем. Баданҳо шоҳиди айнӣ шудаанд."
Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ, писари шоҳи охирини Эрон, кори мақомоти Ҷумҳурии Исломиро "як амали барбарӣ бо мақсади таҳқиру саркӯби инсон" номид, ки ба гуфтааш, "воқеияти ғайриинсонӣ ва манфури Ҷумҳурии Исломиро ба намоиш гузошт."
Мақомот дар Эрон баъд аз марги духтари ҷавон Маҳсо Аминӣ дар соли 2022, ки бо гумони бадҳиҷобӣ боздошт шуда буд, мавҷи бесобиқа ва азими эътирози мардумро бераҳмона саркӯб карданд.
Дар ин байн, даҳҳо ҳунарманду овозхони дигар ҳам барои ибрози ҳамраъйӣ бо эътирозгарон ҷазоҳои сахт гирифтанд. Бархе зиндонӣ шуда, чанде шаллоқ хӯрданд.
Консерти Парасту Аҳмадиро ҳам як навъ эътироз ва баёни озоди мавқеъ ва афкору андеша ба режими исломии ҳоким дар Эрон арзёбӣ мешавад.
Видеоро дар инҷо бинед:
"Гурӯҳи 24": Парчам моли як шахс ё як ҳукумат нест
Як созмони мухолифи ҳукумат дар рӯзи таҷлил аз парчами миллии Тоҷикистон гуфтааст, "он рамзи миллат аст, на рамзи як шахс."
Ишораи "Гурӯҳи 24" ба шахси раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҷонибдоронаш таърихи беш аз сисолаи соҳибихтиёрии Тоҷикистонро ба номи ӯ пайванд медиҳанд.
"Парчами давлатӣ рамзи тамоми Тоҷикистон ва шаҳрвандони он аст. Он ба як шахс, як ҳизб ё як давраи сиёсӣ тааллуқ надорад," –гуфта шудааст дар баёнияи ин созмони мухолиф.
"Гурӯҳи 24", ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, парчами миллиро натиҷаи заҳмати донишмандон ва рассомону ҳунаршиносону намояндагони мардум донистааст.
"Дар ин таърих номи академик Муҳаммад Осимӣ, рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ва муаллиф Маҳмадулло Сайдалиев ҷойгоҳи муҳим доранд. Ҳамчунин, саҳми дигар иштирокдорон набояд фаромӯш шавад," -- гуфта шудааст дар баёния.
Ин созмони мухолиф дар идома гуфтааст, "эҳтиром ба парчам маънои онро надорад, ки шаҳрвандон бояд фаъолияти ҳар як ҳукумат ё роҳбари сиёсиро бечунучаро ҷонибдорӣ кунанд. Ҳамзамон муносибати интиқодӣ ба сиёсати ҳукумат набояд бо беэҳтиромӣ ба рамзҳои миллӣ омехта гардад. "
Рӯзи парчами миллии Тоҷикистон аз 24-уми ноябри соли 2009 таҷлил мешавад, вале худи парчамро ба унвони як рамзи муҳими давлат соли 1992 тасдиқ кардаанд.
Парчами миллии Тоҷикистон аз рангҳои сурху сафеду сабз ва як тоҷу ҳафт ситора иборат аст ва дар қатори суруди миллӣ ва нишон яке аз рамзҳои давлатдорӣ ба ҳисоб меравад.
Душанбе соли 2011 сутун ё пояи 165-метрии парчами миллиро барафрохт ва ҳамон сол номи Тоҷикистонро дар китоби рекордҳои Гиннес сабт кард, вале соли 2014 Арабистони Саудӣ бо милаи баландтарини парчамаш пеш гузашт.
Бо ин вуҷуд, ҳоло дар маркази ҳар шаҳру ноҳияи Тоҷикистон милаи парчам гузошта шуда, дар баробари идораву коргоҳҳои давлатӣ сокинон ҳам ҳақ доранд, парчамро дар дохилу беруни хонаи худ биовезанд.
"Гурӯҳи 24"-ро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов соли 2012 дар Русия бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2014 "Гурӯҳи 24"-ро созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон кард. Пайравонаш ин қарорро намепазиранд. То кунун даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шудаанд.
Зеленский ҳамларо ба киштиҳои Русия дар Либия тасдиқ кард
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, гуфт, нерӯҳои амниятии кишвараш ба як киштии низомӣ ва як киштии борбари Русия дар обҳои Либия зарба задаанд.
Пештар ҳукумати воқеъ дар шарқи Либия гуфта буд, ки як паҳпод рӯзи 22-юми ноябр дар киштии Русия дар наздикии Бенғозӣ боис ба таркиш шуд. Ба иттилои манбаъ, 10 кас захмӣ гашт.
Зеленский рӯзи 23-юми ноябр дар паёме дар шабакаи “X” гуфт, дар ин амалиёт аз ҳафт паҳподи баҳрии сохти Украина истифода шуд.
“Сарфи назар аз тамоми талошҳои душман барои муқобила бо ҳамла, киштии низомии “Меркурий”-и Русия ғарқ карда шуд,” – гуфт ӯ ва афзуд, “ин яке аз киштиҳои навтарини онҳост, ки соли 2023, дар ҷараёни ҷанги васеъмиқёс, мавриди истифода қарор гирифт.”
Кремл гуфтааст, Вазорати дифои Русия дар бораи зарба ба киштии низомӣ дертар маълумот хоҳад дод.
Нерӯҳои амниятии Украина рӯзи 23-юми ноябр дар изҳороте гуфт, ҳарду киштӣ ҳадафҳои қонунии низомӣ буданд, зеро онҳо мустақим ба тавонмандиҳои низомии Русия ёрӣ мекарданд.
Денис Сиеник, дипломати баландпояи Украина дар Вашингтон, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, “як чиз рӯшан аст, ки ин киштиҳо дигар ба мошини ҷангии Русия хидмат нахоҳанд кард.”
Қабули созишнома бо ширкатҳои вобаста аз хешовандони раисҷумҳур
Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 23-юми ноябр тарҳи буҷаи давлатӣ барои соли 2027 ва панҷ созишномаи сармоягузориро тасвиб кардааст.
Як созишнома ба ширкати вобаста аз Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва додарарӯси президент Эмомалӣ Раҳмон ва дигаре ба ширкати гуё барҳамхӯрдаи "Фароз", ки онро ба домоди раисҷумҳур Шамсулло Соҳибов нисбат медиҳанд, иртибот дорад.
Сухан дар бораи ширкати мухобиротии "Таком" ва "Комбинати металлургии Тоҷик" меравад, аммо ҷузъиёти созишномаҳо ва буҷаи онҳо ҳанӯз дастрас нест.
Хабаргузории давлатии "Ховар" рӯзи душанбе танҳо навишт, ки созишномаи байни ҳукумат ва ширкати "Таком" дар бораи рушди соҳаи мухобирот аст.
"Таком"-ро тамғаи тиҷоратии Zet-Mobile меноманд. Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" ва хешованди раисҷумҳур, молики Zet-Mobile номбар мешавад.
Созишномаи дигари сармоягузорӣ байни ҳукумат ва "Комбинати металлургии Тоҷик" дар бораи сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсолу ғанигардонии семент, оҳак, бентонит ва каолин дар вилояти Суғд будааст.
Бар асоси Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, муассиси "Комбинати металлургии Тоҷик" ширкати "Фароз" навишта шудааст. Аммо раиси Комбинат соли 2024 дар як нома ба Радиои Озодӣ гуё ширкати вобаста аз "Фароз" будани идораи зери раҳбарияшро рад карда, гуфта буд, ки онҳо шахси ҳуқуқии алоҳида ва мустақил ҳастанд.
Се созишномаи дигаре, ки вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 23-юми ноябр пуштибонӣ кардаанд, ба "Сементи Хуталон", "Сементи Тоҷик" ва "Сементи Душанбе" рабт дорад.
Мақомдорони тоҷик, аз ҷумла Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумрук, пештар гуфта буданд, ки Тоҷикистон "ширкати угай надорад" ва имтиёзҳо ба ҳама баробар дода мешавад.
Созмонҳои молие чун Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ борҳо аз додани имтиёз ба ширкатҳои алоҳида дар Тоҷикистон интиқод карда, гуфтаанд, ин раванд шаффоф нест ва танҳо ширкатҳои “худӣ ва наздик ба ҳукумат” аз сабукиҳо баҳравар мешаванд.
Навбат дар марзи Қазоқистону Узбекистон. Молҳо аз Чин ба Эрон?
Дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон навбати тӯлонии мошинҳои борбар ба вуҷуд омадааст, ки шояд аз Чин ба Эрон тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ маҳсулот мебаранд. Дар ин бора нашрияи эронии “Эътимод Онлайн” хабар дод.
Ба маълумоти ин расона, ҳазорон мошини борбари эронӣ, ки аз Чин меоянд, дар сарҳади Қазоқистону Узбекистон дар навбат мондаанд.
Тахмин меравад, дар пасманзари муҳосираи баҳрӣ, ки бо амалиёти низомии Иёлоти Муттаҳида ва Исроил алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ вобаста аст, роҳи заминӣ тавассути Осиёи Марказӣ барои интиқоли мол ба Эрон истифода мешавад.
Кумитаи гумруки Узбекистон будани навбатро дар марз тасдиқ кард, вале гуфт, видеои сафи тӯлонии мошинҳои борбар, ки дар интернет паҳн шудаанд, чанд рӯз пеш сабт шудаанд.
Мақомоти Қазоқистон низ таъсири вазъият дар Эронро ба ҳамлу нақли бор тавассути Осиёи Марказӣ эътироф кардаанд.
Нашрияи узбекии Kun.uz бо такя ба Кумитаи даромадҳои давлатии Қазоқистон навишт, ки бинобар вазъияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва инчунин маҳдудиятҳо, борбарӣ ба Эрон ё баръакс бо истифода аз мошину роҳҳои заминӣ анҷом мешавад.
Сухан танҳо дар бораи эҳтимоли транзити молҳои чинӣ ба Эрон намеравад. Ҷониби Қазоқистон ҳамчунин афзоиши интиқоли борҳоро аз худи Эрон тавассути Осиёи Марказӣ ба самти Қазоқистон, кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва дигар давлатҳо сабт кардааст.
Бо вуҷуди ин, идораҳои расмӣ хабар надодаанд, ки чӣ миқдор аз мошинҳои борбаре, ки дар марзи Қазоқистону Узбекистон ҷамъ шудаанд, машғули интиқоли бор ба Эрон ҳастанд.
Боздошти чор шаҳрванди Қазоқистон дар Словакия
Мақомоти Словакия чор шаҳрванди Қазоқистонро бо гумони одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ дар ин кишвари аврупоӣ боздошт кардаанд. Як нафари дигар дар ҷустуҷӯ аст.
Расонаҳои маҳаллӣ рӯзи 23-юми ноябр хабар доданд, ки онҳо аз 18 то 21-сола ва донишҷӯи Донишгоҳи Тренчин ҳастанд.
Жанболат Усенов, намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон, гуфтааст, бо наздикони боздоштшудаҳо дар тамос ҳастанд ва ба онҳо “ёрии консулию ҳуқуқӣ” мерасонанд.
Ба гузориши телевизиони TN Live, панҷ ҷавон як сокини шаҳри Тренчинро бо гумони ин ки аз онҳо пул қарз гирифтааст, ҷустуҷӯ карда, ба хонаи модаркалонаш рафтаанд.
“Онҳо худро ходими полис муаррифӣ намуда, хонаро кофтукоб карданд ва марди словакиро дар он ҷо ёфта, эҳтимол задаанд,” – гуфта шуд дар гузориш.
Пиразан шоҳидӣ додааст, ки ҳамлагарон либоси сиёҳе бо рамзи NAKA доштанд. Ин рамзи шуъбаи мубориза бо ҷинояткории созмонёфтаи полиси миллии Словакия мебошад. Вақте зан ба мақомот шикоят карда, аз бадрафтории полис хабар додааст, маълум гардид, ки ин гурӯҳ ҳеҷ рабте ба полис надорад.
Мартин Бурай, вакили дифои яке аз боздоштшудаҳо, ба хабарнигорон гуфтааст, ба зерҳимояи ӯ бо гумони одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ айб эълон шудааст, вале ӯ бо ривояти тафтишот розӣ нест.
Вакил гуфтааст, "дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ аллакай собит шуд, ки ҳодиса онгуна набуд, ки дар қарори эълони айб тасвир шудааст”.
Матбуоти Словакия навиштааст, полис дар ҳоли ҳозир чор нафарро боздошт карда, нафари панҷумро ба ҷустуҷӯ додааст.
Мянмарро ба наслкушии камшуморони мусулмон гунаҳкор карданд
Додгоҳи Байнулмилалии Адлия (ICJ), ки вобастаи Созмони Милал аст, Мянмарро барои наслкушии камшуморон ё ақаллияти мусулмони роҳинҷа, ки соли 2017 рух додааст, масъул донист. Ин қарор рӯзи 19-уми ноябр содир шуд.
Додгоҳ муайян кардааст, ки нерӯҳои амниятии Мянмар ҳангоми амалиёти низомӣ дар аёлати Ракҳайн даст ба куштор, таҷовуз ва рафтори дигари хушунатомези ғайринизомиён, аз ҷумла кӯдакон, задаанд.
Бар асоси арзёбии ҳайати таҳқиқотии Созмони Милал, дар натиҷаи ин амалиёт дастикам 10 ҳазор кас кушта шуда, зиёда аз 700 ҳазор нафар аз кишвар гурехтаву аксаран дар Бангладеш паноҳ бурдаанд.
Юдзи Ивасава, раиси Додгоҳи Байнулмилалии СММ, ҳангоми эълони қарор гуфт, низомиёни Мянмар ҳазорон намояндаи роҳинҷаро кушта, даст ба хушунати ҷинсӣ задаанд.
Додгоҳ Мянмарро вазифадор кард, ки ба осебдидагон товон диҳад. Ин қарор ниҳоӣ буда, бозбинӣ нахоҳад шуд, аммо имкониятҳои маҷбур кардани давлати Мянмар ба иҷрои он маҳдуданд.
Гамбия моҳи ноябри соли 2019 алайҳи Мянмар даъво пешниҳод карда, мақомоти ин кишварро ба наслкушӣ гунаҳкор дониста буд. Муҳокимаҳои асосии парванда моҳи январи соли 2026 баргузор шуданд.
Мақомоти Мянмар ин иттиҳомҳоро рад мекарданд.
Ба навиштаи Reuters, қарори додгоҳ метавонад ба баррасии парвандаҳои дигари марбут ба эҳтимоли наслкушӣ таъсир расонад, аз ҷумла даъвои Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил дар мавриди амалиёти низомӣ дар Навори Ғазза. Исроил иттиҳоми наслкуширо рад мекунад.
"Ҳоло бо мансабдорон машғуланд." Сарнавишти хонаҳои ҷанҷолӣ дар Ҷайҳун
Сокинони деҳаи Гулрез дар ноҳияи Ҷайҳун, ки видеои вайрон кардани чанд хона дар он баҳси зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, мегӯянд, мақомот раванди тахрибро боздоштаанд. Аммо рӯшан нест, то кай.
Соҳибони баъзе аз хонаҳо рӯзи 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомоти расмӣ ҳоло бо мансабдороне сарукор доранд, ки ба сохтмони хонаҳо иҷоза дода буданд. Эҳтимол меравад, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Мусоҳибони мо аз тарси пеш наомадани мушкилӣ хостанд, ки номашон бурда нашавад. Яке аз онҳо видеоеро фиристод, ки дар он дида мешавад, хонаҳо бо ҳамон андаке вайронии оғози тахриб мондаанд.
Сокинон мегӯянд, қариб панҷ сол пеш заминро гирифта, хона сохтанд ва ҳукумат ҳам дар ин муддат чизе нагуфт.
Ҳукумати ноҳияи Ҷайҳун дар вилояти Хатлон дар вокунише ба ҷанҷол дар бораи вайрон кардани хонаҳо гуфт, Муҳаммад Азимов, фарде, ки дар замини кишоварзӣ хона сохтааст, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуд.
Ҳарчанд ҳоло маълум нест, ки бо ин хонаҳо чӣ мешавад, аммо яке аз соҳибони онҳо дар видеое, гуфт, ки бо дастури мақомот худашон бояд хонаҳоро вайрон кунанд. Ба гуфтаи мақомот, қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун дар бораи бартараф кардани қонунвайронкуниҳо моҳи октябр қабул шудааст ва зоҳиран бояд иҷро шавад.
Зери вокуниши ҳукумат дар Фейсбук, корбарони зиёде кормандони ҳукуматро гунаҳкор кардаанд. Яке аз онҳо навиштааст: “Мақомоти маҳаллӣ куҷо нигоҳ мекарданд? Сармеъмору масъули кумитаи замин... куҷо буданд? Наход ҳамин қадар "қонунвайронкунӣ"-ро надида бошанд ё нашунида бошанд? Чӣ балое, ки ояд, балогардон мардуми камбағалу одӣ... Инҷо фикр мекунам айб - айби худи масъулон аст, аз кумитаи замини ноҳия сар карда, то ҷамоату маҳалла...”
Масъалаи қонуншиканӣ ҳангоми хонасозӣ ва ё тақсими замин дар Тоҷикистон яке аз доғтарин мушкилот ба ҳисоб меравад ва садҳо нафар барои ин қонуншиканиҳо аз ҷумла то ба раисони ноҳияҳо ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудаанд.
Панҷ моҳ гузашт. Ҷасади сарбози тоҷикро ҳанӯз наёфтаанд
Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон гуфтанд, ки ҷустуҷӯйи як сарбоз дар рӯди Омӯ беш аз панҷ моҳ боз идома дорад, аммо то кунун ягон нишони ӯ ро наёфтанд.
Мирзобобур Мирраимови 20-сола, сарбози Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, 24-уми июни имсол дар ноҳияи Қубодиён, дар марз бо Афғонистон, нопадид шуд.
Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон рӯзи 19-уми ноябр дар эъломияе гуфт, "сарбоз ҳангоми шустани дастонаш ба дарё афтода, ғарқ шуд.”
Мирзораҳим Мирраимов, падари сарбоз, рӯзи 4-уми ноябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “ба ғарқ шудани писараш бовар надорад”.
Ӯ ҳамзамон иддао карда буд, ки маъмурони наҷот писарашро намеҷӯянд ва аз мақомот хост, мурда ё зиндаи фарзандашро пайдо кунанд.
Идораи ҳолатҳои фавқулода дар Хатлон гуфтааст, аз рӯзи ҳодиса то 19-уми ноябр даҳ бор, ҳар дафъа аз 10 то 15 рӯз, ҷасади сарбозро дар рӯди Омӯ ҷустуҷӯ карданд, вале “бинобар баланд будани сатҳ ва суръати тези ҷараёни об” натиҷае ба даст наоварданд.
Мирзобобур Мирраимов ду сол пеш аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба сафи нерӯҳои марзбонӣ пайваста будааст.
Тоҷикистон бо Афғонистон марзи дарозе дорад ва рӯдхонаи Панҷ қисме аз онро аз ҳам ҷудо мекунад. Дар гузашта чанд мавриди ғарқ шудани марзбонони тоҷик дар ин рӯдхона сабт шудааст.
Аз ҷумла, рӯзи 24-уми июл афсари 23-сола Ёраҳмад Қурбоналиев ва марзбони қаторӣ Билол Каримови 19-сола дар наздикии дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон дар рӯдхонаи сероб ғарқ шуда, пайкарашон баъди чанд рӯз ёфт шуд.
Ҷаҳонгир Давлатов, афсари 26-солаи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, низ моҳи августи имсол ҳангоми оббозӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар дарёи Панҷ ғарқ шуда, ҷон дод.
Марги сарбозон дар артиш ҳамасола сабт мешавад. Радиои Озодӣ дар як соли охир дар бораи марги тақрибан даҳ сарбоз хабару гузориш нашр кард. Аксар пайвандони онҳо аз шева ва шароити хидмат норозӣ буданд.
Дар пайи ҳалокати чанд сарбоз, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон моҳи майи имсол аз мақомоти интизомӣ ва бахусус фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ хост, ки масъалаи тартибу низомро дар воҳидҳои ҳарбӣ бисёр ҷиддӣ бигиранд.
9 кушта ва даҳҳо захмӣ дар мавҷи нави ҳамлаҳои Русия ба Украина
Русия шаби 19 ба 20-уми ноябр ба Киев ва минтақаҳои дигари Украина бо садҳо мушаку паҳпод ҳамла кард. Дар натиҷа, дастикам 9 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд.
Раисҷумҳури Украина ин ҳамларо "яке аз бузургтарин ҳамлаҳо" номид ва гуфт, Маскав "зиёда аз 400 паҳпод ва беш аз 110 мушак, аз ҷумла 27 мушаки баллистикӣ" истифода кард.
Владимир Зеленский дар шабакаи "X" навишт, "русҳо ҳамчунин аз мушакҳои ҳомили бомби хӯшаӣ истифода намуданд."
"Путин пас аз мулоқоти камсамар дар Чин ва нокомии талоши ӯ барои ба гунае "аз нав кашидани" харитаи ҷаҳон, ин ҳамларо ба таври бисёр намоишӣ анҷом дод," – афзуд ӯ.
Шаҳрдори Киев Виталий Кличко гуфт, дар пойтахти Украина ҳафт нафар кушта ва 17 кас захмӣ шуд.
Ду нафари дигар дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия дар вилояти ғарбии Лвов ҷон бохтаанд.
Сергей Коретский, сарвазири Украина, мегӯяд, ҳамлаҳои охири Русия ба зербундёҳои муҳими пойтахт, аз ҷумла пулҳо, низ осеб расондаанд.
Дар ҳамин ҳол, Денис Сиеник, муовини сафири Украина дар Вашингтон, 20-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, маҳдудиятҳое, ки ба истифодаи низоми моҳвораии Starshield-и ширкати SpaceX аз ҷониби Украина таъсир мерасонанд ва барои дифои ҳавоии ин кишвар муҳим ҳастанд, ҳамоно боқӣ мондаанд.
Украина борҳо аз халал дар кори Starshield шикоят кардааст, вале мақомоти Иёлоти Муттаҳида ин иддаоро намепазиранд.
Амрико ба соҳаи тибби Тоҷикистон 78 млн доллар медиҳад
Иҷрои як ёддошт байни Тоҷикистон ва Амрико дар бахши тандурустӣ, ки барои панҷ сол ва бо сармояи 78 миллион доллар дар назар аст, оғоз шудааст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, ин маросим 19-уми ноябр дар Душанбе ва бо ҳузури Кристофер Ландау, муовини вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳида, сурат гирифт.
Ёддошт моҳи апрели имсол имзо шуда, Амрико дар панҷ соли оянда ба Тоҷикистон 38 миллион доллар хоҳад дод. Тоҷикистон ҳам ваъда додааст, ки дар ин муддат барои беҳтар кардани сифати хидматрасонии тиббӣ 40 миллион доллар ҷудо мекунад.
Барнома бештар барои мубориза алайҳи ВИЧ ё вируси норасоии масунияти одам ва сил пешбинӣ шудааст.
Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ, 19-уми ноябр гуфтааст, "ин ёддошт имкон фароҳам меорад, то хидматрасониҳои тандурустиро тақвият бахшем ва тавонмандии кишварро дар самти пешгирӣ ва ошкор кардани саривақтӣ ва вокуниш ба таҳдидҳои саломатӣ беҳтар намоем."
Ёддошти байни Тоҷикистон Амрико дар доираи барномаи “Аввал Амрико”, стратегияи маъмурияти президент Доналд Трамп ва бо ҳадафи ҳифзи сиҳати одамон дар саросари ҷаҳон қабул шудааст.