Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушовири Маҳмуди Аҳмадинажод боздошт шуд


Маҳмуди Аҳмадинажод ва Исфандиёр Раҳими Машоӣ
Маҳмуди Аҳмадинажод ва Исфандиёр Раҳими Машоӣ

Манобеи додгоҳии Эрон рӯзи 17-уми март аз боздошти Исфандиёр Раҳими Машоӣ – яке аз афроди наздиктарини Маҳмуди Аҳмадинажод – президенти собиқи Ҷумҳурии Исломӣ хабар доданд. Машоӣ дар даврони ҳукумати Аҳмадинажод мушовири олӣ ва раиси даcтгоҳи раёсати ҷумҳурӣ буд.

Ӯ тобистони соли 2010 ба Душанбе омада, аз оғози фасли тоза миёни Тоҷикистону Эрон хабар дод ва, инчунин, гуфт, “Эрон аз Тоҷикистон ҷудо нест ва бо манофеи Тоҷикистон тиҷорат низ нахоҳад кард”

Маҳмуди Аҳмадинажод дар вокуниши фаврӣ мақомҳои додгоҳиро масъули саломати ӯ донист ва хостори озодиаш шуд. Дар иттилоияи расмӣ гуфта шудааст, ки маъмурони пулис бо дастури бозпурси Додраси умумии Теҳрон Машоиро дастгир карданд, то аз ӯ тақҳиқ шавад. Аммо мушаххас нагуфтаанд, ки иттиҳоми Раҳим Машоӣ чист. Масъалае, ки дар изҳороти Маҳмуди Аҳмадинажод низ бозтоб наёфтааст.

Аҳмадинажод дар баёнияи худ боздошти Исфандиёр Раҳим Машоиро “хилофи Қонуни асосӣ” дониста, навиштааст, “омилҳои амниятӣ таҳти амри дастгоҳи қазоӣ ғайриқонунӣ худрави Машоиро боздошта, ӯро бо худ бурдаанд”. Вай бори дигар дастгоҳи қазоии Эрон ва ҳатто ҳукумати Ҷумҳурии Исломиро ҳадафи интиқод қарор додааст.

Ӯ таъкид кардааст, ки боздошти Исфандиёр Раҳим Машоӣ ба дурустии назараш дар мавриди зарурати анҷоми ислоҳот дар ин дастгоҳи муҳим ва бахшҳои дигари низом таъкид мекунад.

Ҳамид Бақоӣ
Ҳамид Бақоӣ

Ин дувумин иқдоми қазоӣ алайҳи атрофиёни Маҳмуди Аҳмадинажод дар зарфи камтар аз як ҳафта аст. Чаҳор рӯз қабл Ҳамид Бақоӣ, раиси пешини созмони Мероси фарҳанг ва муовини Маҳмуди Аҳмадинажод боздошт ва барои 15 сол зиндонӣ шуд.

Иттиҳомоти Бақоӣ фасоди молӣ дар даврони масъулияташ дар ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод унвон шудааст. Аммо Аҳмадинажод ва ҳалқаи атрофиёни ӯ, назири Исфандиёр Раҳими Машоӣ ин ҳукмро сиёсӣ ва муҳокимаашро аз бунёд фармоишӣ хонданд.

Раҳими Машоӣ ҳатто гоме фаротар аз ин рафт ва бо ҳузур дар муқобили сафорати Бритониё ҳукми Ҳамид Бақоиро оташ зад. Коре, ки вакили вай тахмин мезанад, далели аслии боздошташ бошад.

Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ
Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ

Машоӣ аз чеҳраҳои муноқиашаангез дар ҳукумати Маҳмуди Аҳмадинажод буд, ки Алии Хоманаӣ – раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ иҷоза надода буд, то муовини аввали Аҳмадинажод бишавад. Исфандиёр Раҳими Машоӣ дар интихоботи гузаштаи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон низ номзад шуда буд, аммо Шӯрои нигаҳбон салоҳияти ӯро рад кард.

Машоӣ тобистони соли 2010 ба Душанбе омада, дар суҳбат бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз оғози фасли тоза миёни Тоҷикистону Эрон хабар дод ва, инчунин, гуфт, ки “Эрон аз Тоҷикистон ҷудо нест ва бо манофеи Тоҷикистон тиҷорат низ нахоҳад кард”.

XS
SM
MD
LG