Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия гуфт, 23 дипломати Бритониёро ихроҷ мекунад


Лори Бристоу, сафири Бритониё дар Русия
Лори Бристоу, сафири Бритониё дар Русия

Мақомоти Русия ба Лори Бристоу – сафири Бритониё дар Маскав – гуфтанд, ки 23 дипломати ин кишварро ихроҷ мекунанд. Бристоу рӯзи 17-уми март ба Вазорати корҳои хориҷии Русия эҳзор шуда буд.

Ба ин дипломатҳо як ҳафта муҳлат дода шудааст, то қаламрави Русияро тарк кунанд.

Бар илова, намояндагии Шӯрои Бритониё дар Русия баста хоҳад шуд. Ин шӯро созмони ғайрисиёсӣ буда, Бритониёро дар бахши илму маориф дар ҷаҳон намояндагӣ мекунад.

Русия, инчунин, ризоияташро барои ифтитоҳи консулгарии генералии Бритониё дар шаҳри Санкт-Петербург пас гирифтааст.

Мақомоти Вазорати умури хориҷии Русия дар як изҳорот гуфтанд, ки ин иқдоми ҷавобии Маскав ба ихроҷи 23 дипломати рус аз Лондон аст. Ҳафтаи гузашта Бритониё дар робита ба қазияи заҳролудшавии ҷосусуи пешини Идораи истихбороти Русия Сергей Скрипал ва духтараш Юлия дар шаҳри Солсбери берун кард.

Мақомоти Бритониё дар заҳролудшавии Скрипал ва духтараш Русияро айбдор мекунанд. Вазири умури хориҷии Бритониё Борис Ҷонсон рӯзи 16-уми март гуфт, истифодаи гази фалаҷкунандаи асаб дар қаламрави шоҳигарии Бритониё, эҳтимол бо фармони шахсии президенти Русия Владимир Путин сурат гирифтааст.

Скрипал ва духтараш дар ҳолати вазнин дар бахши эҳёгарии бемористон ҳастанд.

Маскав аслан даст доштани худ дар ин қазияро рад мекунад. Мақомот мегӯянд, дар Русия ҳеч вақт гази фалаҷкунандаи асаб – “Новичок” – истеҳсол нашудааст ва, баръакс, Бритониёро муттаҳам менамоянд, ки барои таҳқиқи ин ҳодиса бо Русия ҳамкорӣ намекунад.

Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Бритониё дар Русия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.

XS
SM
MD
LG