Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаллифи "Таърихчаи замон"-ро замон бо худ бурд. ВИДЕО


Стивен Ҳоукинг ҳамеша асрори коинотро меомӯхт, ки чӣ ҳасту чаро пайдо шудааст.
Стивен Ҳоукинг ҳамеша асрори коинотро меомӯхт, ки чӣ ҳасту чаро пайдо шудааст.

Стивен Ҳоукинг дигар нест. Яке аз донишмандони маъруфи ҷаҳон рӯзи 14-уми март дар 77-солагӣ дар шаҳри Кембриҷ даргузашт. Дар ин бора хешовандони физики маъруф хабар доданд.

Ӯ, ки ҳамеша дар вартаи марг буд, сахттарин ҷанбаҳои зиндагии инсонро меомӯхт. Соли 1963 маълум карданд, ки Стивен Ҳоукинг ба бемории "хоби андом" гирифтор аст. Табибон мегуфтанд, ки аз се сол бештар зиндагӣ нахоҳад кард. Он замон 21 сол дошт.

Таҳқиқоти пайдоиши коинот ва чолаҳои сиёҳ ба ӯ маъруфият овард. "Таърихчаи замон", "Чолаҳои сиёҳ ва бурҷҳои ҷавон" китобҳои ӯст, ки таваҷҷӯҳи мардуми зиёдеро ба физика ҷалб кард. Китоби ӯ ва духтараш Люси дар бораи саргузаштҳои писараки хурд Ҷорҷ дар кайҳон дар байни кӯдакон маҳбуб шуд ва ҷавонони зиёдеро ба самти илм кашид.

Муаллифи "Таърихчаи замон"-ро замон бо худ бурд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:35 0:00

Новобаста ба бемории вазнин ӯ ду бор издивоҷ кард. Аз ҳамсари аввалаш Ҷейн Вайлд, ки соли 1965 издивоҷ карданд, се фарзанд дорад. Баъди ҷудоӣ аз ӯ дар соли 1995 парасторашро ба занӣ гирифт ва 11 сол бо ӯ зиндагӣ кард.

Фарзандонаш дар як баёния гуфтанд, "ӯ донишманди бузург ва инсони ғайриоддӣ буд, ки меросаш солҳои тӯлонӣ хоҳад монд. Мардонагиву иродаи ӯ бо табъи зариф ба мардуми ҷаҳон илҳом мебахшид. Ӯ як замон гуфта буд, инҷо гӯшаи муҳими коинот намебуд, агар дар он афроди наздики Шумо намебуданд. Мо ӯро ҳамеша ёд мекунем."

XS
SM
MD
LG