Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷират, иқтисод ва реадмиссия - меҳвари сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон


Рӯзи чаҳоршанбеи 14-уми март раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба Қазоқистон рафт. Эмомалӣ Раҳмон дар сафар ба Остона ҳайати бузурге аз мақомот, аз ҷумла вазирони умури хориҷӣ, дохилӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, раисони кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ, дин, рушди сайёҳӣ, ҳамчунин директорони оҷонсиҳои хизмати давлатӣ ва хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ ва дигар афроди расмиро бо худ бурдааст.

Қазоқистон шарики дувуми иқтисодии Тоҷикистон баъд аз Русия дониста мешавад. Дар соли 2017 ҳаҷми додугирифти маҳсулот миёни ду кишвар 24 дарсад афзоиш ёфта, ба 838 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Дар ҷараёни ин сафар имзои се созишномаи ҳамкорӣ дар назар аст. Сафири Қазоқистон дар Душанбе Нурлан Сейтимов ба матбуоти қазоқӣ гуфтааст, ки қарор аст зимни сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Остона, созишиномаи марбут ба “реадмиссия” - ошкор ва истирдод кардани шаҳрвандони ду кишвар, ки даст ба нақзи муқаррароти будубош задаанд, имзо шавад.

Санади дигар дар бораи шароити будубоши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар ва созишномаи сеюм марбут ба табодули маълумот дар бораи равандаи муҳоҷират ба кишварҳои ҳамдигар мебошад.

Як санади дигар, ки қарор аст миёни Эмомалӣ Раҳмон ва Нурсултон Назарбоев имзо шавад, барномаи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар назар мегирад. Дар шарҳи худ ба матбуот сафири Қазоқистон Нурлан Сейтимов гуфтааст, ки равобити ду кишвар, ки бар пояи принсипҳои манфиатҳои муштарак ва ҳамкорӣ бунёд шудааст, дар ҳолати хуб қарор дорад. Вай гуфтааст, Қазоқистон як кишвари содиркунандаи гандуму орд ба Тоҷикистон аст ва ҳамакнун имкони ба роҳ мондани содироти локомотив ва мошин ба ин кишвар фароҳам омадааст.​

Даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Қазоқистон

Қазоқистон мизбони даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик мебошад.
Қазоқистон мизбони даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик мебошад.

Қазоқистон яке аз шарикони суннатии иқтисодиву сиёсии Тоҷикистон дар минтақа ба ҳисоб меравад. Равобити ду президент ҳам аз оғоз ҳамеша собиту муваффақ будааст. Дар солҳои ҷанги дохилии Тоҷикистон - Қазоқистон ҳам яке аз кишварҳое буд, ки даҳҳо ҳазор тоҷиконро сарпаноҳ дод. Дар муддати солҳои истиқлолият Қазоқистон ба кишвари дуюми муҳоҷирати кории шаҳрвандони Тоҷикистон табдил шуд. Дар нимаи аввали соли 2016, 90 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин кишвар бо ҳадафи кору даромад ба сар бурдааст.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар мӯҳлати то 30 рӯз ҳақ доранд, ки дар ҳудуди ин кишвар бидуни қайд ба сар баранд ва дар ҳолати ба кор ҷалб шуданашон бояд иҷозати расмӣ дошта бошанд. Ин созиш миёни ду президент ҳанӯз июли соли 2016 дар ҷараёни сафари расмии президент Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон ҳосил шуда буд.

Ба иттилои Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегии Қазоқистон, аксар муҳоҷирони тоҷик дар марказҳои тиҷоративу иқтисодии ин кишвар - Алмаато, Остона ва минтақаи ҷанубии ин кишвар тамаркуз кору фаъолият мекунанд. 60 дарсади онҳо дар бахши тиҷорату бозор, 20 дар сад дар сохтмон ва 10-дарсадӣ дар бахши истеҳсолот ва машғулиятҳои ихтисосии дигар (духтур, омӯзгор ва ғайра) кор мекунанд.

Қазоқистон -- шарики стратегии Тоҷикистон дар минтақа

Қазоқистон шарики дувуми иқтисодии Тоҷикистон баъд аз Русия дониста мешавад. Дар соли 2017 ҳаҷми додугирифти маҳсулот миёни ду кишвар 24 дарсад афзоиш ёфта, ба 838 миллион доллари амрикоӣ расидааст. Ҳамзамон Қазоқистон дувумин кишварест, ки миқдори бештари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон қабул мекунад.

Тоҷикистон аз Қазоқистон орд ва гандум, равғани растанӣ ва маводди сӯхтӣ, аз ҷумла, гази моеъ ворид карда, ба ин кишвар маҳсулоти кишоварзӣ содирот мекунад. Соли 2015 Тоҷикистон ва Қазоқистон дар шаҳри Душанбе созишномаи шарикии стратегӣ имзо карда, талош доранд робитаҳои худро ба сатҳи баландтаре расонанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар маросими имзои ин созишнома гуфта буд, ки ҳалли масоили будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Қазоқистон ва омода сохтани заминаҳои ҳуқуқии рушди ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар аз ҳадафҳои аслии сиёсати шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон, ихтисоси квотаҳо барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои Қазоқистон дониста мешавад.

Робитаҳои дипломатии Қазоқистону Тоҷикистон аз 7 январи соли 1993 оғоз шуда буд. Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Қазоқистон моҳи июни соли 1993 ифтитоҳ шуда, намояндагии Қазоқистон дар сатҳи сафорати расмӣ дар Душанбе аз моҳи апрели соли 1998 ба кор шурӯъ аст.

XS
SM
MD
LG