Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 кило ҳероин: ба шаҳрванди Тоҷикистон ҳабси якумрӣ таҳдид мекунад


Додгоҳи вилояти Тюмени Русия ба баррасии парвандаи як шаҳрванди Тоҷикистон шурӯъ кардааст, ки ба ӯ ҳабси якумра таҳдид мекунад.

Расонаҳои русӣ бо такя ба маводи парванда навиштаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон моҳи ноябри соли гузашта ҳангоми убури марзи Қазоқистон ба Русия бо мошини худ аз тарафи мақомот боздошт шудааст. Зимни ташхиси техникӣ аз оҳани чархҳои мошинаш бештар аз ҳафт гило ҳероин пайдо шудааст.

Аз шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда нашудааст, танҳо гуфта шудааст, ки 38 сол дошта дар ивази маблағ розӣ шудааст маводи мухаддири гуруҳи қочоқчиёнро дар мошини Hyundai Starex-и худ аз Қазоқистон ба Русия интиқол диҳад.

Додситони вилояти Тюмен тафтиши парвандаи ин шаҳварнди Тоҷикистонро аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноии Русия анҷом дода ба додгоҳ ирсол кардааст. Акнун аз руи ин ду модда шаҳрванди Тоҷикистонро ҳабси якумрӣ ё то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар ҳоле ин шаҳрванди Тоҷикистонро ҳукми сангин таҳдид мекунад, ки як додгоҳи Русия охири соли гузашта сангинтарин ҷазо барои қочоқи маводи мухаддирро нисбати як шаҳрванди Тоҷикистон содир кард: раҳбарии як гурӯҳи қочоқчиён, ки дар давоми чор сол ба Русия 600 кг ҳероинро ворид кардааст, ба зиндони абад маҳкум шуд.

Ҳукми Шералӣ Табарови 43-сола, як зодаи ноҳияи Восеъ ва 14 шаҳрванди дигари Тоҷикистон рӯзи 21 декабр дар додгоҳи вилояти Маскав содир шуда буд.

XS
SM
MD
LG