Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафар ба Узбекистон танҳо бо шиносномаи хориҷӣ мумкин аст


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки шаҳрвандони кишвар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ метавонанд ба Узбекистон сафар намоянд. Вазорати умури хориҷи Узбекистон низ ин созишномаро шарҳ дода ва гуфтааст, ки он то ҳанӯз ба ҳолати иҷро надаромадааст.

"Санад ба иҷро надаромадааст"

Дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 13-уми март дар тавзеҳи созишнома миёни Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи сафарҳои дуҷонибаи шаҳрвандон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафари сокинон ба кишварҳои якдигар, танҳо пас аз анҷоми расмиёти дохилӣ аз ҷониби тарафҳо, амалӣ хоҳад шуд.

Руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи 9-уми март созишномаеро ба имзо расониданд, ки будубоши бераводиди шаҳрвандони ду кишвар ба қаламрави якдигар ба муддати 30 рӯзро пешбинӣ мекунад.

Вале ҳоло муқаррароти рафтуомади бидуни визаи панҷрӯза барои сокинони наздимарзӣ амал мекунад ва онҳо метавонанд то 30 км ба ҳудуди кишварҳои якдигар ворид шаванд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамзамон мегӯяд, ки ҳоло барои суръат бахшидан ба ин раванд, бо ҳамтоёни узбакистониашон ҳама талошҳояшонро анҷом медиҳанд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон айни замон гуфтааст, ки ин санад эътибор пайдо накардааст ва рӯзи ба иҷро даромадани онро иловатан хабар хоҳанд дод..

Аз ин қабл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ чанд вакили парлумон ва дипломатҳои баландпоя гуфтанд, ки бо назардошти аҳамияти сиёсии санади лағвкунандаи виза барои шаҳрвандон, ҷараёни тасвиби он ҳам аз ҷониби парлумонҳои ду кишвар зиёд тӯл намекашад ва дар фурсати наздиктарин тасвиб хоҳад шуд.

"Ин санадест, ки қабули онро мардуми ду кишвар муддатҳо интизор буданд ва ҳоло танҳо як расмият мондааст, ки баъди тай кардани он дигар дар фурсати як ҳафта ё даҳ рӯз санад қонунӣ мешавад",- гуфт дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ яке аз вакилони парлумони Тоҷикистон.

Саргардониҳои шаҳрвандон

Ин дар ҳолест, ки тайи чанд рӯзи гузашта ва дар пайи имзои созишномаи равуои бераводид миёни ду кишвар, сокинони зиёди Тоҷикистон ба бовари ин, ки низоми виза пурра бардошта шудааст, ба гузаргоҳҳо марзӣ шитофтанд, вале сарҳадбонҳо ба онҳо гуфтанд, ки ҳанӯз муқаррароти нав ба иҷро надаромадааст.

Як сокини шаҳри Душанбе, ки ахири ҳафтаи гузашта мехост тариқи гузаргоҳи "Саразм-Ҷартеппа"-и Панҷакент ба аёдати наздиконаш ба Самарқанд равад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки муваффақ нашудааст, ки марзро убур кунад. Вай афзуд, ки дар гузаргоҳ марзбонон ба вай гуфтанд, ки ҳоло cозишномаи иҷозаи рафтуомади бидуни раводид ба ҳолати иҷро надаромадааст ва танҳо сокинони наздимарзӣ ҳаққи убур аз сарҳадро доранд.

Ин созишнома бояд аз ҷониби ҳарду кишвар расмиёти марбут ба ратификатсияро гузарад. Вале ҳоло муқаррароти рафтуомади бидуни визаи панҷрӯза барои сокинони наздимарзӣ амал мекунад ва онҳо метавонанд то 30 км ба ҳудуди кишварҳои якдигар ворид шаванд. Тоҷикистон бо Узбекистон 1339 километр марзи муштарак дорад ва дар ҳоли ҳозир сокинон тариқи беш аз даҳ гузаргоҳ метавонанд ба кишварҳои якдигар рафтуомад намоянд.

Бо карточка ба Узбекистон роҳ намедиҳанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:23 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG