Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мегафон” ва “Вавилон” аз болоравии расмии нархҳо хабар доданд


Ду ширкати мобилӣ дар Тоҷикистон хабар додаанд, ки нархи тамосро боло мебаранд. Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкати “Тселл” низ нархи гуфтугӯйро боло бурда буд. Баланд рафтани нархи алоқаи мобилӣ пеш аз ҳама аҳолиро нигарон кардааст, ки мегӯянд ин кор зарбае ба ҷайби онҳо хоҳад буд.

Ширкатҳои “Мегафон” ва “Вавилон” субҳи 13 март бо пахши иттилоия хабар доданд, ки сар аз ҳафтаи оянда дар нархгузории онҳо тағйирот сурат мегирад.

Масъулини ширкати “Вавилон” мегӯянд, аз рӯзи душанбе 19 март нархгузорӣ дар чанд тарофа гаронтар хоҳад шуд. Аз ҷумла дар тарофаҳои “Муфид”, “Дастрас”, “Фоиданок”, “Оддӣ”, “Суғдиён” ва аз 1 апрел дар тарофаҳои “Сайёҳ” ва “Бадахшон” нархҳо боло мераванд. Аммо ин ширкат шарҳ надодааст, ки нархҳо чӣ қадар гаронтар хоҳанд шуд.

Ширкати “Мегафон” низ рӯзи 13 март хабар додааст, ки аз ҳафтаи оянда арзиши ягонаи зангҳо ва паёмакҳо амал мекунад, ки он 20,5 дирамро ташкил медиҳад. Муштариён мегӯянд, қаблан барои як дақиқаи занг ва смс 16 дирам пардохт мекарданд.

Раванди болоравии нархи гуфтугуи телефонӣ, аз оғози моҳи марти соли равон шуруъ шуд. Нахуст ширкати “Тселл” нархи гуфтугӯй дар чанд тарофаашро боло бурд.

Қаблан як манбаъ дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ, бо шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфта буд, чор ширкати мобилӣ барои гарон кардани нархи гуфтугӯй аз ин ниҳод иҷозат хостаанд. Ҳамакнун се ширкати мобилӣ тавонистанд розигии Хадамоти зиддиинҳисорӣ барои боло бурдани нархро ба даст оварданд.

Алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон аз камтарин хадамотҳое буд, ки дар солҳои гузашта нархаш пайваста поён мерафт. Ширкатҳои мобилӣ бо коҳиши нарх талош мекарданд муштариёни зиёдтарро ҷалб кунанд.

Коршиносон мегӯянд, боло рафтани нархи алоқаи мобилӣ дар Тоҷикистон натиҷаи дахолати зиёди давлат ба бозори алоқа аст.

Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт, вале дар ду соли охир се ширкат – "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд. Аз ҷумла, ширкати "Билайн" 151,3 миллион сомонӣ, "Мегафон" - 155 миллион сомонӣ ва "Тселл" - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ду ширкати аввал дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб шуданд.

Феълан дар Тоҷикистон панҷ ширкат “Вавилон,” “Тселл,” “Мегафон,” “Билайн” ва “ТК Мобайл” ба аҳолӣ хадамоти мобилиро пешниҳод мекунанд. Қаблан ширкатҳои мобилӣ чандин маротиба тариқи сафоратхонаҳо ва намояндагиҳои созмонҳои байналхалқӣ дар Душанбе аз гаронии андоз шикоят карда буданд.

XS
SM
MD
LG