Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти президент бо кормандони додситонии кулли Тоҷикистон


Президент Эмомалӣ Раҳмон ва додситони кулл Юсуф Раҳмон
Президент Эмомалӣ Раҳмон ва додситони кулл Юсуф Раҳмон

Президенти Тоҷикистон рӯзи 13 март дар бинои додситонии кулли Тоҷикистон бо кормандони соҳаи прокуратура мулоқот мекунад. Ин мулоқот дар остонаи таҷлили иди касбии рӯзи кормандони мақомоти прокуратура баргузор мешавад, ки ҳамасола 14 март таҷлил мешавад.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13 март ба Радиои Озодӣ гуфт субҳи имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба бинои Додситонии кулл барои мулоқот бо кормандони ин соҳа омад. ​14 марти соли 1992 рӯзи таъсисёбии додситонии Тоҷикистон мебошад. ​

Рӯзи 14 март қарор аст президент ба Остона бо ҳадафи анҷоми як сафари корӣ ва мулоқот бо президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев парвоз мекунад. Рӯзи баъдӣ - 15 март ҳамроҳ бо раиси ҷумҳуриҳои кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ дар нахустин ҳамоиши раҳбарони минтақавӣ ширкат меварзад.

XS
SM
MD
LG