Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз сокинони Тоҷикистон хостанд, аз сафару шикор худдорӣ намоянд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз сокинони кишвар хостааст, ки аз 11 то 13-уми марти имсол, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо, бахусус минтақаҳои куҳӣ эҳтиёт кунанд. Масъулони кумита рӯзи 10-уми март гуфтанд, ки қарор аст, дар дар водиҳо борони сел ва дар куҳҳо барфи тар биборад.

“Таҳдиди болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо боқӣ мемонад. Дар минтақаҳои куҳӣ фаромадани тарма, ярч ва резиши санг аз эҳтимол дур нест”, - гуфт Умеда Юсуфова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ӯ афзуд, раҳбарияти Кумита аз мардум мехоҳад, ки дар ин муддат мошинҳои худро пеш аз сафар омода кунанд ё беҳтар аст аз сафарҳои бидуни зарурат ва шикору кори саҳро худдорӣ намоянд. “Ҳангоми гаштугузор дар кӯчаҳо аз зери хатти интиқоли нирӯи барқ, дарахтон, пояҳои таблиғотӣ ва иншооти дигари хатарзо нагузаред”, - таъкид кард Юсуфова.

Ҳар сол дар натиҷаи боронҳои пайиҳами баҳорӣ ва фаромадани тармаву сангреза дар роҳҳои кишвар чандин нафар ҷон бохта, баъзеи дигар маҷруҳ мешаванд.

XS
SM
MD
LG