Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон мехоҳад, ки шаҳрвандонашро аз Ироқ баргардонад


Сафорати Қирғизистон дар Кувайт нотаи дипломатиро ба консули сафорати Ироқ дар Кувайт таслим кард ва аз онҳо хост, барои дарёфти иттилои комил дар бораи шаҳрвандони зиндонии ин кишвар дар Бағдод ёрӣ кунанд.

Аз рӯи иттилои муқаддамотӣ, се шаҳрванди Қирғизистон ҳамроҳ бо 10 тифли ноболиғашон дар боздоштгоҳи муваққати пойтахти Ироқ нигоҳдорӣ мешаванд. Дар ин бора рӯзи 10-уми март бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод.

Сафорати Қирғизистон, инчунин, хостааст, ки дар ҳимоят аз ҳуқуқи ин шаҳрвандон кумаки зарурӣ анҷом дода шавад ва ин шаҳрвандон бо вакили дифоъ таъмин гарданд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон гуфтааст, мунтазири иттилои расмӣ дар бораи шаҳрвандонаш дар Ироқ мебошад.

Ба эҳтимоли ғолиб, ин шаҳрвандон аъзои оилаи ҷангҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” мебошанд, ки баъди маҳдуд шудани макони будубошашон дар Сурияву Ироқ аз маконҳои ҷанг фирор кардаанд. Дар миёни онҳое, ки дар зиндонҳои Ироқ нигаҳдорӣ мешаванд, занону кӯдакони ДИИШ-иҳо мебошанд, ки баъди кушта ё зиндонӣ шудани мардҳо ба дасти ҳукумати Ироқ таслим шудаанд.

Тахмин меравад, ки дар миёни зиндониҳо занону кӯдакони тоҷик ҳам ҳастанд. Мақомот дар Тоҷикистон ваъда додаанд, ки тифли 10-солаи тоҷик Марямро, ки дар як ятимхонаи Бағдод мебошад, ба назди бобояш бармегардонанд. Ин духтар мегӯяд, ки волидон ва чаҳор додару хоҳараш дар ҷангҳо кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG