Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳпаймоии садҳо зани афғон дар Рӯзи байналмилалии занон


Занҳои Афғонистон дар сафи нерӯҳои амнятӣ
Занҳои Афғонистон дар сафи нерӯҳои амнятӣ

Садҳо зан дар пойтахти Афғонистон Рӯзи байналмилалии занон - 8 мартро бо раҳпаймоӣ таҷлил ва ба мақомот гушрас карданд, ки садои занон шунида шавад, ҳуқуқи онҳо ба таълим таъмин ва аз хушанат алайҳи онҳо ҷилавгирӣ шавад.

Раҳбари Комиссияи мустақили ҳуқуқи башар Симо Самар дар муроҷиат ба занон дар нерӯҳои амниятии Афғонистон гуфт, "Амнияти шумо, амнияти занони Афғонистон аст". Ӯ аз занони даъват кард, ки аз ҳамагуна хушунат ва зургӯӣ ба камиссюни ҳуқуқ гузориш диҳанд.

Самар гуфт, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад дар бораи зоҳири ин занҳо назар диҳад ва бо онҳо беҳурматона и сӯҳбат кунад.

Ба сурати умум, вазъи занони афғон дар даҳсолаҳи ахир, махсусан дар шаҳрҳо, тадриҷан беҳтар шудааст, аммо занҳои деҳот ба табъиз ва хушунат рӯ ба рӯ ҳастанд.

Созмони байналмилаии Ҳюман Райтс Вотч ва Комиссияи Амрико дар умури озодиҳои мазҳабӣ аз вазъи занон дар Афғонистон изҳори нигаронӣ кардаанд.

XS
SM
MD
LG