ИМА дар робита ба куштори бародари модарҷудои роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Нам алайҳи ин кишвар таҳримҳои нав ҷорӣ кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 7 март бо такя ба Департаменти давлатии ИМА иттилоъ дод.
Тасмими ҷори кардани таҳримҳои нав ҳанӯз 22 феврал қабул шуд. Аммо то кунун дақиқ нест, ки ин таҳримҳо аз чӣ иборат хоҳанд буд.
Хизер Нойерт, намояндаи Департаменти давлатии ИМА гуфт, Вашингтон ба хулосае омад, ки мақомоти Куриёи Шимолӣ дар куштори Ким Чен Нам даст доранд. Барои анҷоми ин ҷиноят онҳо маҳлули кимиёвии заҳролуди VX-ро ба кор бурданд. "ИМА истифодаи силоҳи кимиёвиро барои содир кардани кушторҳо маҳкум мекунад. Ин беэҳтиромии ошкоро ба меъёрҳои байналхалқӣ аст ва бори дигар бехирадии мақомоти Куриёи Шимолиро ба намоиш мегузорад", - навишт Нойерт дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ким Чен Намро 14 феврали соли гузашта рӯймолчаи заҳролудро дар фурудгоҳи Куала-Лумпур ба рӯи ӯ ҳаво доданд ва ӯро куштанд. Ким Чен Нам писари калонии роҳбари пешини Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ир буд. Солҳои охир ӯ асосан дар хориҷ зиндагӣ мекард ва аз мунаққидони бародараш буд.