Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Кореяи Шимолӣ омодааст, аз мушакҳои ҳастаӣ даст кашад


Мулоқоти Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ. 6-уми марти 2018
Мулоқоти Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ. 6-уми марти 2018

Раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин омодааст, аз озмоишҳои ҳастаӣ даст кашад ва бо Амрико вориди музокирот шавад, агар Вашингтон амнияти Пхенянро кафолат диҳад. Дар ин бора нашрияи The New York Times рӯзи 6-уми март бо такя ба манбаъҳои Кореяи Ҷанубӣ хабар дод.

Пештар аз ин маълум шуд, ки Ким Чен Ин бори аввал бо ҳайати Кореяи Ҷанубӣ мулоқот кард. Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ рӯзи гузашта ба Пхенян рафтанд.

Хабаргузории Reuters ҳадафи сафарро талоши эҷоди муколама дар байни Кореяи Шимолӣ ва Амрико унвон кард.

Ким Чен Ин, инчунин, дар ҷараёни мулоқот аз рушди равобит миёни ду Корея "қотеъона" пуштибонӣ кардааст. Ба навиштаи хабаргузориҳои Корея, Ким Чен Ин гуфтааст, ки барои ҳамоиш талош мекунад.

Манбаъҳои The New York Times мегӯянд, намояндагони Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ дар бораи мулоқоти Ким Чен Ин бо президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Ҷӣ Ин созиш карданд ва ин мулоқот эҳтимол моҳи апрели имсол баргузор мешавад.

Дар даҳ соли охир бори аввал аст, ки Кореяи Ҷанубӣ ба Пхенян музокиротчӣ фиристод. Ин муҳимтарин натиҷаи, ба истилоҳ, "оштии олимпӣ" аст, ки ду кишвар дар ҷараёни бозиҳои зимистона ба таври ғайрирасмӣ ба он даст ёфтанд.

XS
SM
MD
LG