Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домод аз Бадахшон, арӯс аз Хатлон. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон муносибат ба оилаву оиладорӣ тағйир меёбад. Аз ҷумла, таҷрибаи то 20 соли пеш роиҷ, ки издивоҷҳо бар асоси ҳаммаҳал ва ҳамшаҳр будани арӯсу домод сурат мегирифтанд, кам-кам аз байн меравад.

Фарқ - аз забон то расму оин

Муҳим ин аст, ки оқилона ва огоҳона рафтор кунем. Ба гузашт омода бошем ва ҳеч гоҳ ба принсипи "ман дигарам" рӯ наорем.

Ҳумо ва Нафиса аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки никоҳашон на бар асоси ҳамшаҳригарӣ, балки бар асоси муҳаббаст баста шудааст. Ҷавони бадахшӣ бо духтаре аз ҷануби Тоҷикистон баъди он оила барпо кард, ки ҳангоми кор дар як ширкати тиҷоратӣ фаҳмиданд, ошиқи якдигар шудаанд. Аз издивоҷи онҳо 4 сол гузаштааст ва ҳанӯз ҳам бисёриҳо ба пойдории оилаи онҳо бо шубҳа менигаранд. Дар фарҳанги ин ҳамсарон шурӯъ аз забон то урфу одат тафовути зиёде вуҷуд дорад.

Вале бо ин вуҷуд, забони муштараки оилавӣ ба онҳо кумак кард, ки соҳиби хонаи алоҳида шаванд ва наздикону дӯстони худро барои дарки воқеияти зиндагии муштарак омода кунанд. “Мо дар бонк шинос шудем. Ҳоло ҳам дар ҳамон ҷо кор мекунем, вале шӯъбаҳои мо мухталиф ҳастанд. Албатта, ҳама чиз якбора рух надодааст. Мо оилаҳои худро омода кардем, ман оҳиста-оҳиста бо хоҳарон ва модари Ҳумо забон ёфтам. Мешавад гуфт, ки робитаҳои хешии мо пеш аз тӯй сар шуд”, - гуфт Нафиса.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

"Агар хушрӯ бошад мегирам, куҷоӣ буданаш муҳим нест"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:14 0:00

"Ба гузашт омода бошем"

Яке аз чолишҳои аслӣ дар ин хонавода - масъалаи мазҳаб аст. Вале дар ин мавзӯъ ҳам ду ҷониб забони муштарак пайдо карданд. Нафиса, ки худро мусалмони суннимазҳаб мешиносад, бо дили гарм бо модарарӯсаш ба маросими маркази исмоилӣ дар Душанбе меравад ва фарҳанги ҳамсарашро азхуд мекунад. “Айни замон, Ҳумо ҳам бо хешовандони ман забон ёфтааст. Муҳим ин аст, ки мо оқилона ва огоҳона рафтор кунем, ба гузашт омода бошем ва ҳеч гоҳ ба принсипи инки “Ман дигарам” рӯ наорем. Ман забони шуғниро меомӯзам, алакай ин забонро мефаҳмам. Фарҳангу урфу одатҳои онҳоро эҳтиром мекунам”, - мегӯяд Нафиса.

Ҳумо ҳам гуфт, аз зиндагиаш розӣ аст: “Ба назари ман, ҷуфти мо барои дигарҳо намуна аст. Набояд бар асоси қолаб ё стереотип зиндагӣ кард ва дар фикри он буд, ки ҷомеа чӣ мегӯяд. Бале, мушкил ҳаст, вале меҳру муҳаббат болотар аз ҳар чизи дигар аст. Ҳамин эҳсос аст, ки бар ҳама мушкилот пирӯз мешавад”.

"Ба ман фарқ надорад", "ба ман фарқ дорад"

Бархе мегӯянд, бо инки дар асри 21 мавзӯи издивоҷҳо дар байни сокинони як маҳал набояд доғ бошад, ҳамоно барои бисёриҳо дар Тоҷикистон баробор бо шӯриш ё исёне дар дохили як оила ё хонавода аст. Ҷавонҳо мехоҳанд, дар масъалаи интихоби ҳамсар озод бошанд, пойбанди хости волидону решаҳои худ ва назари хешутабор набошанд. Барои озодии бештари зеҳни ҷавонон нақши Интернет ҳам хеле бузург аст. Бисёриҳо омода ҳастанд, ки масъулияти оилаву оиладориро ба дӯши худ бигиранд ва ба умеди волидони худ нашаванд.

Бисёр мусоҳибони Радиои Озодӣ дар хиёбонҳои Душанбе ҳам ба масъалаи издивоҷи намояндагони минтақаҳои мухталиф назари мусбат доранд, вале бархе мегӯянд, издивоҷ бо ҳаммаҳалли худ дар барпо кардани равобити хуби оилавӣ мусоидат мекунад.

  • “Ман ҳанӯз донишҷӯ ҳастам. Бароям аслан фарқ надорад, ки ҳамсарам аз куҷо мешавад. Муҳим, ки якдигарро дӯст бидорем. Агар волидон хушбахтии фарзанди худро бихоҳанд, дастгирӣ мекунанд”, - мегӯяд як ҷавони донишҷӯ аз Душанбе.
  • Духтаре мегӯяд: “Ман аз Дарвоз ҳастам. Ба ҳамшаҳрии худ оиладор мешавам. Ҳамсарамро волидонам интихоб мекунанд. Бо ҷавоне аз дигар минтақа издивоҷ намекунам, чунки ӯ бегона мебошад”.

Омор нест, тамоюл ҳаст

Бо рақам гуфтани инки воқеан ҳам шумори издивоҷи миёни намояндагони маҳалҳои гуногун афзоиш ёфтааст, душвор аст. Чунки чунин омор вуҷуд надорад. Вале тамоюли афзоиши издивоҷҳои байни намояндагони минтақаҳои мухталиф вуҷуд дорад.

Бархе равоншиносон мегӯянд, барои пешрафт дар масъалаи мубориза бо маҳалгароӣ бояд пеш аз ҳама дар мавзӯи оиладорӣ қолабшиканӣ кард. Равоншиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон Фарангис Шарифзода гуфт, «аз назари илми равоншиносӣ, издивоҷи миёни намояндагони минтақаҳои мухталиф хуб аст. Бо ин роҳ қолабҳо шикаста мешаванд, тафаккури маҳалгароӣ ҳам тадриҷан пок мешавад. Вақте ҷавонҳо аз манотиқи мухталиф дар якҷо ҷамъ шуда бо ҳам радду бадал, дӯстӣ ва ҳамкорӣ мекунанд, бо ҳам аз наздик шинос шуда оила барпо менамоянд. Бешубҳа, дар масъалаи барпо кардани оила масоили принсипиалӣ вуҷуд дорад. Бисёр волидон мехоҳанд, ки арӯс ё домодашон аз минтақаи онҳо бошад, онҳоро ба як фарҳанг ва менталитет марбут медонанд”.

Дар ҳоле ки оморе дар заминаи издивоҷҳои намояндагони минтақаҳои мухталиф вуҷуд надорад, бархе ҷомеашиносон розӣ ҳастанд, ки воқеан ҳам дар солҳои охир дидгоҳи ҷомеа ва ҷавонон ба масъалаи аҳамияти маҳал дар интихоби ҳамсар тадриҷан дувумдараҷа мешавад.

Гулнора Бекназарова
Гулнора Бекназарова

Гулнора Бекназарова, як ҷомеашинос ва раҳбари ширкати таҳқиқоти иҷтимоии Z-analytics Group мегӯяд, “бо омор ё рақами дақиқ гуфтани инки воқеан ҳам шумори издивоҷи миёни намояндагони маҳалҳои гуногун афзоиш меёбад, душвор аст, чунки чунин омор аслан вуҷуд надорад. Вале тамоюли афзоиши издивоҷҳои байни намояндагони минтақаҳои мухталиф вуҷуд дорад. Вақте ҷавонҳо аз як гурӯҳ, синф ё қишри ба ҳам монанди иҷтимоӣ ҳастанд, унс гирифтани ҷавонҳо ба якдигар зудтар сурат мегирад. Инро мешавад бо марзшиканӣ ё табодули сулҳомези байни ҷавонҳо шабоҳат дод”.

Тоҷикистон аз 3 вилоят ё минтақаи калон, 17 шаҳр, 62 ноҳия (аз ҷумла, 13 ноҳияи тобеи марказ), 55 шаҳрак ва 368 ҷамоати деҳот иборат аст. Бо сабабҳои мухталиф, ҳар як нуқтаи маъмурию ҷуғрофӣ метавонад аз ҳам тафовут дошта бошад ва дар кулл ин тафовутҳо дар лаҳҷа, вижагиҳои маросим, одатҳо инъикос мешаванд. Ин тафовутҳо бисёр вақт ба нофаҳмии зеҳнӣ ҳам сабаб мешаванд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG