Чанд шеъри Лоиқ Шералӣ, шоири маъруфи тоҷик, ба забони узбекӣ тарҷума ва дар шаҳри Тошканд нашр шудааст. Дар Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон рӯзи 3-юми март гуфтанд, ки дар як маҷмӯи дастҷамъӣ намунаи ашъори Ашӯр Сафар, Низом Қосим ва Рустами Ваҳҳоб низ нашр гардид.
“Баҳори дӯстиву бародарии тоҷикону узбекон ҳамеша сабзу хуррам хоҳад монд”, - таъкид шудааст дар иттилоияи расмии Иттиҳоди адибони тоҷик.
Масъулони ин иттиҳоди эҷодӣ гуфтаанд, таваҷҷуҳи Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагон ба тарҷумаву нашри осори адибони тоҷик ба забони узбекӣ низ “далели меҳру муҳаббатамон ба мардуми кишвари дӯст мебошад”. Ба қавли онҳо, то кунун ин марказ намунаи осори адибони тоҷикро беш аз ҳар забони дигаре ба забони узбекӣ тарҷума кардааст.
Тоҷикистону Узбекистон тайи тақрибан бист сол муносибати хубе надоштанд. Баъди ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев дар соли 2016 дар Узбекистон, яхи муносибатҳо то ҳадде об шуд ва ду кишвар ба ифтитоҳи гузаргоҳҳои то ин дам баста, баргузории рӯзҳои фарҳангу парвози ҳавопаймоҳо ва убури қаторҳо аз марзи якдигар оғоз карданд.