Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имомхатиби Яшми Рашт: "Зери фишор ба Ҷунайдулло тӯҳмат задам"


Ҷунайдулло Худоёров.
Ҷунайдулло Худоёров.

Имомхатиби як масҷиди панҷвақтаи ноҳияи Рашт мегӯяд, ки таҳти фишори корманди маҳаллии милиса ба як ҳамдеҳааш тӯҳмат намуда, ӯро дар пайравӣ аз ҷараёни мамнӯи "Салафия" гунаҳгор кард.

Эътирофи ин гуфтаҳоро Фатҳулло Назриев, имомхатиби масҷиди панҷвақтаи деҳаи Яшми ноҳияи Рашт дар як номаи бисёрсаҳифагии худ рӯзи 5-уми феврал ба унвонии президент ва сохторҳои қудратии Тоҷикистон, (Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Додситонии кулл ва вазорати умури дохилии Тоҷикистон) ирсол кардааст.

Фатҳулло Назриев дар номааш ба унвонии президент ва раҳбарони сохторҳои қудратӣ қазияро шарҳ дода, хоҳиш кардаст, ки ба ӯ кӯмак кунанд, то дар муқобили фишору таъқиби кормандони милисаи ноҳияи Рашт ва рафторе, ки ба ӯ кардаанд, ӯро ҳимоят кунанд.

Нусхаи ин нома рӯзи 2-юми март ба дасти Радиои Озодӣ расид. Дар ин эътироф Назриев навиштааст, ки таҳти фишори кормандони Раёсати умури дохилаи Рашт зидди сокини деҳаи Яшм Ҷунайдулло Худоёров зери як баёнияи хаттӣ, ки ба навиштаи ӯ аз тарафи корманди милиса иншо шудааст, имзо гузошт. Дар номааш ба мақомоти баландпояи Тоҷикистон имомхатиб навиштааст, ки хостори баҳои қонунӣ додани онҳо ба ин амали ғайриқоунуни ходимони полис мебошад.

Ҷунайдулло Худоёров, як фаъоли "фейсбук"-ӣ аз ноҳияи Рашт рӯзи 22-юми январи соли равон аз тарафи кормандони Раёсати корҳои дохилии Рашт боздошт шуда ва беш аз як моҳ аст дар СИЗО-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҳайси гумонбар дар узвияти ҳаракати иртиҷоии “Салафия” нигоҳдорӣ мешавад. Дар сурати гунаҳгор эътироф шуданаш, ӯро на камтар аз 5 соли зиндон таҳдид мекунад.

Имомхатиби деҳаи Яшми ноҳияи Рашт рӯзи 2-ми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳодисаҳои ду моҳи пеш таҳти фишори корманди милисаи ноҳия ба Раёсати умури дохилии минтақа даъват шуд. Дар он ҷо, ба гуфтаи ӯ, “зери фишор ва таҳдид” маҷбур зери аризае имзо гузошт, ки дар он Ҷунайдулло Худоёров ба узвият дар ҳаракати “Салафия” айбдор карда шудааст. Вай гуфт, дар ҳоле, ки "ҳеҷ гоҳ ба кормандони милиса рӯ ба рӯ нашуда буду худ гирифтори бемори сил аст, фишору тазйиқи корманди милисаро тоқат оварда натавонист ва маҷбур шуд имзо гузорад".

Номаи Фатҳулло Назриев ба мақомот.
Номаи Фатҳулло Назриев ба мақомот.

Дар нома ба унвонии президент Эмомалӣ Раҳмон имомхатиби Яшм менависад: “Корманди милиса Ҳукуматов Зулфиқор Саидович маро ба як утоқи дигар бурд ва як милиса ба ман дӯғу пуписа кард, ки “худи ту салафӣ ҳастӣ ва агар имзо накунӣ, худатро ба салафӣ айбдор мекунем ва ришатро метарошем. Ман тарсидам ва маҷбур розӣ шудам, дар асл ман розӣ набудам. Дар асл Ҷунайдулло салафӣ нест ва дар масҷиди мо вақте намоз мегузорад, бар асоси шариати Имоми Аъзам намоз ба ҷо меорад ва ба салафӣ ҳеҷ наздикӣ надорад."

Талошҳои мо барои сӯҳбат бо кормандони Раёсати корҳои дохилӣ дар минтақаи Рашт ва муфаттиши ин парванда барои фаҳмидани назари онҳо дар робита ба иддаои Фатҳулло Назриев, бенатиҷа буд ва онҳо ба зангҳои пайдарпайи хабарнигори Радиои Озодӣ посухе надоданд. Санҷидани дурустии иддаои имомхатиби деҳаи Яшмро тавассути манобеи мустақил имкон надорад.

Зимнан, муфаттиши Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохила 30-юми январи соли 2017 дар қарори худ, ки як нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ низ расид, зикр кардааст, ки "шаҳрванд Худоёров Ҷунайдулло даст ба содир намудани ҷиноят зад ва ҳангоми қарор доштанаш дар Русия ва деҳаи Яшми ноҳияи Рашт ҷавоноро ба равияи динии “Салафия” даъват намуда, миёни сокинони маҳалли истиқоматиаш иғвоангезӣ ва бадбинии мазҳабиро ба миён овардааст”.

Дар идомаи ин қарор омадааст, ки “новобаста аз он, ки имомахатиби деҳаи Яшм Назриев Фатҳулло якчанд маротиба Худоёровро аз кирдорҳои номатлубаш хабардор намуда, таъкид кардааст, ки аз ин амалҳо даст кашад, аммо охирин дар ақидаи худ устувор буда, қайд намудааст, ки тарзи намозхонии шумо нодуруст мебошад”.

Қарори ВКД дар бораи Ҷунайдулло Худоёров.
Қарори ВКД дар бораи Ҷунайдулло Худоёров.

Фатҳулло Назриев дар номааш ба унвонии президент ва раҳбарони сохторҳои қудратии Тоҷикистон қазияро шарҳ дода хоҳиш кардаст, ки ба ӯ кӯмак кунанд, то дар муқобили фишору таъқиби кормандони милисаи ноҳияи Рашт ва рафторе, ки ба ӯ кардаанд, ӯро ҳимоят кунанд ва амнияташ ҳам таъмин карда шавад. Вай мегӯяд, кормандони милиса баъди ин муроҷиаташ метавонанад ба ӯ “ягон балое ба сараш биёранд”.

Фатҳулло Назриев ба Радиои Озодӣ гуфт, мехоҳад “пойбанди ҷинояти дигар афрод нашуда, намехоҳад барои ҷурми тӯҳмат нисбати Ҷунайдулло Худоёров, назди Худо ва виҷдони худ гунаҳкор бимонам”.

Ҷунайдулло Худоёров рӯзи 22-юми январ боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт нигоҳдорӣ мешавад. Дар ҳоле, ки наздиконаш боздошти Худоёровро ба изҳори назарҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла "Фейсбук" рабт медиҳанд, ходимони пулиси Душанбе дар шарҳи боздошти ӯ кӯтоҳ мегӯянд, “як бефаҳмӣ кардааст”.

Фарҳод Худоёров бародари Ҷунайдулло рӯзи 28-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, барои дифоъ аз бародараш вакили мудофеъ гирифтаанд то дар қазияи ӯ ҳимоят кунад. “Бародари ман худро гунаҳкор намедонам, зеро фақат дар бораи камбудиҳои ҷойдошта навиштааст” – гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ

Ҷунайдулло аз ҷумла дар саҳифааш дар "Фейсбук" раиси Кони ангишти ноҳияро танқид кардааст, ки роҳи мошингарди тарафи конро, таъмир накардааст. Дар як навиштаи дигар Шӯъбаи маорифро барои дар ивази пули қарзи китоб аз талабаҳо ҷамъ кардани чормағзро танқид кардааст. Идораи андози ноҳия ҳам аз ӯ дар "Фейсбук" танқид шунидааст.

Бародараш мегӯяд, ки вақте Ҷунайдуллоро барои пурсиш ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия даъват карданд, муфаттиш ҳамин навиштаҳои ӯро дар миён гузоштааст. Ба ҷазо кашидани нафаре, ки барои ислоҳи камбудӣ дар ноҳия садо баланд карда, ҷазо гирифтааст, аввалин бор нест.

XS
SM
MD
LG