Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Меҳмони нохонда". Бабри сафед дар Шуғнон 40 сар чорворо хӯрд


Дар ҳоле ки баъзе аз сокинони ноҳияи Шуғнони Бадахшон аз афзоиши ҳамлаи бабрҳои барфӣ нигарон ҳастанд, гурӯҳе аз табиатшиносон торафт танг шудани ҷойи зисти ин ҷонвари нодирро аз тарафи инсонҳо ташвишовар мехонанд.

Бабри барфӣ, ё “паланги ширмол” нодиртарин ҷонвар аст, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунад.

Пас аз чанд рӯзи талошу назорат, сокинони деҳаи Ванқалъа ва масъулини ҳифзи муҳити зист дар ноҳияи Шуғнони Бадахшон, бабри барфиеро, ки 3 рӯз пайиҳам “меҳмони” як хонавода мешуд, боздошт ва дубора ба табиат раҳо карданд. Бабр рӯзи 20-уми феврал ба маҳалли аҳолинишин фаромада, дар 3 рӯз беш аз 40 чорпои сокини ҷамоати Ванқалъа Маҳмаднасим Симаковро нобуд кардааст.

Маҳмаднасим Симаков рӯзи 28-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "аввал рӯзона ба рама ҳуҷум кард. Баъдан ба оғилхона, ки маҳкам буд, даромада, ҷонваронро нобуд кард. Онро дастгир карда, дар қафас гирифтем ва дар масофаи 70 километр дуртар раҳо намудем."

Маҳмаднасими 61-сола 7 фарзанд дорад ва мегӯяд, даромади аслии зиндагии хонаводаи бузургаш аз ҳисоби чорводорӣ буд. Ӯ ҳамроҳ бо чанд хонаводаи дигар дар маҳалли наздик ба доманакӯҳ, каме баландтар аз деҳоти аҳолинишин зиндагӣ мекунад ва мегӯяд, онҷо замини кишвар надоранд. "Дар инҷо меваву дарахт нест, зиндагӣ аз ҳисоби чорвост. Намедонам чӣ кор кунам. Ба ман аз як созмон гуфтанд, сеткаву тахта медиҳанд. Вале чорво надорам, дигар оғилро чӣ кор кунам? Ба ман ҳоло пул зарур аст, ки чорво харида дубора парвариш кунам", - гуфт ӯ.

Аммо мақомоти ҳифзи муҳити зист мегӯянд, дар як ҷаласа дар пайи ин ҳодиса мардуми деҳот гуфтаанд, омодаанд, ба ҳамсояи аз ҳамлаи бабр зарардидаи худ якчорвоӣ кумак кунанд.

Бабри барфӣ, ки сокинони маҳаллӣ онро “паланги ширмол” низ меноманд, аз нодиртарин ҷонвар аст ва ҳамчун ҷонвари махсус ҳифзшаванда дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст. Шикори он мамнӯъ аст. Сокинони деҳоти доманакуҳҳо мегӯянд, солҳои ахир ҳамлаи бабри сафед ба хонаҳо афзоиш ёфтааст ва ин ҳамлаҳо ҳам дар пай талафоти зиёд дорад.

Тибқи иттилои созмонҳои зистмуҳитӣ низ дар ду соли ахир, дар ҷустуҷӯи ғизо бабрӣ барфӣ ба деҳаҳо даромадааст. Фарҳод Маҳмадназарбеков, сардори шӯъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хоруғ мегӯяд, "бабри барфӣ ҳар сол дар ноҳияи Шуғнон дида мешавад. Онҳо ба оғилҳое, ки пӯшида нашудаанд, медароянд ва чанд чорпое ҳаст, нобуд мекунад. Масалан, порсол дар Бартанг 60 чорпоро нобуд карданд. Дар ин ҳодисаи ахир ҳамин як чорво монд, ки он ҳам захмӣ шуд."

Ба гуфтаи коршиносон, як омили ҳамлаи бабри барфӣ ба чорпои сокинон, кам шудани бузҳои кӯҳӣ, харгӯш ва дигар туъмаи ин ҷонвар аст. Аммо омили аслии дигарро масъулини соҳа ҳарчи тангтар шудани маҳалли зисти ин ҷонварон медонанд.

Абдуқодир Маскаев, масъули Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон, гуфт, солҳои ахир мардум наздик ба маҳалли зисти ҷонварони нодир хона бунёд мекунанд ва ин ҷонварон ҳам, ки дар фасли сармо маҷбуранд аз баландиҳо поинтар раванд, ба оғилхонаву чорпоҳо ҳамла мекунанд.

"Сол аз сол деҳаҳои нав бунёд мешаванд. Бархе аз ин қишлоқҳо ҳам наздик ба маҳалли зисти бабрҳо сохта мешавад. Он, албатта, мефарояд, ин қоидаи табиат аст. Ба одам хатар надорад. Фақат як роҳ аст, мардум бояд чорвои худро ҳимоя кунад, оғилҳонаҳоро маҳкам кунад. Ҳоло мардум моли худро сар медиҳанду, нишаста филм тамошо мекунад", - афзуд ӯ.

Абдуқодир Маскаев
Абдуқодир Маскаев

Ба гуфтаи ин мутахассис, яке аз хатарҳои аслие, ки метавонад ба кам ва нобуд шудани бабр дар табиат сабаб шавад, ин танг шудани муҳити зисти ҷонвари нодир аст. Аммо аз сӯйи дигар масъулини ҳифзи муҳити зист дар Бадахшон мегӯянд, солҳои охир бархӯрди мардум бо ин ҷонвар то ҷое тағйир ёфтааст ва дар аксар ҳолат ин ҷонварон баъди ҳамла ба деҳа ва чорво, бидуни ягон осеб ба табиат раҳо карда мешаванд.

Сокинони зарардида аз ҳамлаи бабрҳо мегӯянд, ин роҳҳал нест ва онҳо метавонанд дигарбора баргарданд. Вале масъулин мегӯянд, ин қоидаи табиат аст ва набояд ба бабр зарар расонда шавад.

Бабри барфӣ, ё “паланги ширмол” нодиртарин ҷонвар аст, ки танҳо дар қаламрави 12 кишвари ҷаҳон зиндагӣ мекунад. Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон ҳудуди 300 бабри барфӣ сабт шудааст ва он ҳамчун ҷонвари махсус ҳифзшаванда дар Китоби Сурхи Тоҷикистон номнавис шудааст.

XS
SM
MD
LG