Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба қатъномаи Эрон дар Шурои Амнияти СММ вето гузошт


Василий Небензия - сафири Русия дар СММ
Василий Небензия - сафири Русия дар СММ

Русия ба қатъномаи зидди Эрон, ки Британия пешниҳод карда буд, вето гузошт. Британия ин тарҳро алайҳи Эрон ба далели нақзи таҳрими интиқоли мушак ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба Ҳусиҳои шиамазҳаби Яман пешниҳод кард. 11 узви Шӯрои Амният аз қатънома пуштибонӣ карданд, Русия ва Боливия мухолиф буданд ва Чину Қазоқистон худдорӣ карданд.

Қатъномаи пешниҳодии Британия дар асоси хулосаи коршиносон таҳия шуд, ки мегуфтанд, мушаке, ки Ҳусиҳо ба сӯи Арабистони Саудӣ партоб карданд, аз рӯи банду баст ва хусусиятҳои техникӣ шабеҳи мушаки "Қиём"-и Эрон аст.

Аммо намояндаи Русия дар СММ Василий Небензия, Лондонро барои истифодаи "делелҳои носанҷида, изҳороти тасдиқношуда ва таҳрик додани муқовимати сунниҳо ва шиаҳо дар Ховари Миёна"танқид кард.

Дар посух намояндаи Амрико дар СММ Никки Ҳейлӣ гуфт, агар Русия барои ҷилавгирӣ аз нақши бесуботкунандаи Эрон монеа эҷод мекунад, ИМА ва ширконаш маҷбуранд "аз тадобире кор бигиранд, ки Маскав онро масдуд карда наметавонад".

XS
SM
MD
LG