Рӯзи 26 феврал Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи солонаи худро дар Женева баргузор мекунад, ки дар он ба Алиризо Овоӣ, вазири адлияи Эрон низ суханронӣ мекунад.
Ин ҷаласа бо иштироки раҳбарони 100 кишвар ва созмонҳои байналмилалӣ аз 26 феврал то 23 март идома мекунад.
Мунақидон аз ин нораҳат шудаанд, ки дар нишасти ҳуқуқи инсон Овоӣ ҳам суханронӣ мекунад.
Иттиҳоди Аврпуо ва Шветсария, ҳарду дар алоҳидагӣ алайҳи Алиризо Овоӣ ба ин далел таҳрими молӣ ҷорӣ карданд, ки ӯ ҳамчун додситони пешини Теҳрон барои "нақзи ҳуқуқи инсон, боздоштҳои ғайриқонунӣ, рад кардани ҳуқуқи боздоштшудаҳо ва афзоиши эъдомҳо" масъулият дорад.
"Имкон додан ба суханронии Овоӣ дар нишасти ҳуқуқи башар, шармандагӣ, масхараи СММ ва механизми ҳуқуқи инсон аст" - мегӯяд Шоҳин Қубодӣ, узви Шӯрои миллии муқовимати Эрон, мақари он дар Порис.