Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорони давлатӣ дар Туркманстон иҷборан дучарха мехаранд


Мардҳои дучархасавор дар Ишқобод. 22 феврали соли 2018
Мардҳои дучархасавор дар Ишқобод. 22 феврали соли 2018

Соли ҷорӣ ҳар кадом муассисаи давлатии Туркманистон аз 3 то 6 кормандашро барои ширкат дар дучархасавории умумӣ сафарбар мекунад. Ин кормандон вазифадор шудаанд, ки аз ҳисоби худ дучарха харидорӣ кунанд.

"Ҳоло дар баъзе муассисаҳо қарор шудааст, ки ҳамаи кормандон дар харидани дучарха саҳм бигиранд. Дар Туркманистон корхонаи истеҳсоли дучарха вуҷуд надорад ва ҳамаи дучархаҳои воридотӣ арзиши гарон доранд", - гуфт як манбаъ аз Туркманистон.

Ба иттилои ин манбаъ, кормандони давлатӣ аз тарси аз даст додани ҷои кор, иҷборан талаботи роҳбариятро иҷро мекунанд ва дучарха мехаранд.

"Ба кормандон гуфтанд, ки ин чорабинии байналмилалӣ аст ва бояд хушҳолӣ кунанд, ки дар ин чорабинӣ ширкат мекунанд", - гуфт корманди як муассисаи давлатӣ аз шаҳри Ишқобод. Ба гуфтаи ӯ, дучархаҳо бояд ранги сафед дошта бошанд.

Бино бар иттилои расида, ҳукумати Туркманистон тасмим дорад, дар моҳи апрел пойгаҳи дучарха баргузор кунад. Дар ин чорабинӣ президент, аъзои ҳукумат, порлумон, мансабдорони зинаҳои гуногун, инчунин кормандони муассисаҳои давлатӣ, донишҷӯён ширкат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG