Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнҳои аслии Наврӯз дар Душанбе, Бохтар ва Панҷакент доир мешаванд


Ҷашнҳои аслии Наврӯзи соли равон дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар (Қӯрғонтеппаи қаблӣ) ва Панҷакент баргузор мешаванд. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ин маросимҳо меҳмонон аз хориҷи кишвар даъват шудаанд.

Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон рӯзи 26-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷашнҳои наврӯзӣ аз барномаҳои театришуда, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарнамоии овозхонҳо, иборат мебошад. Ҷаноби Орумбеков афзуд, "ҳатто кӯчактарин оини наврӯзӣ, то тухмҷангу хурӯсҷангу ресмонкашию паҳлавонӣ иҷро карда мешавад."

Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии мардуми ориёинажод ба шумор меравад ва муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид охири моҳи ноябри соли 2016 дархости 11 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро пазируфт ва Наврӯзро ба феҳристи Мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид кард.

Ҳамроҳ бо Тоҷикистон Афғонистону Озарбойҷон, Ҳинду Эрон, Ироқу Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбакистон ҳам пешниҳод карда буданд, ки Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии ҷаҳонӣ ворид карда шавад.

XS
SM
MD
LG