Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои олимпӣ хотима ёфт. Норвегия медали зиёд мебарад


Маросими хотимаи бозиҳо
Маросими хотимаи бозиҳо

Мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ бо ширкати варзишгарони беш аз 90 кишвар оид ба 7 намуд (15 ришта) тӯли 16 рӯз идома кард, ба анҷом расид. Маросими пӯшидашавии Бозиҳо 25-уми феврал, дар Варзишгоҳи олимпии Пхёнчхан баргузор шуд.

Мунтахаби Норвегия, ки ҳамагӣ 39 медал (14 тилло, 14 нуқра, 11 биринҷӣ) гирифт, дар ҳисоби ғайрирасмии умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мақоми аввалро касб намуд.

Олмон бо касби 31 медал (14 тилло, 10 нуқра, 7 биринҷӣ) мақоми дувумро соҳиб шуд. Канада бо касби 29 медал (11 тилло, 8 нуқра, 10 биринҷӣ) дар ҷойи севум, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бо касби 23 медал (9 тилло, 8 нуқра, 6 биринҷӣ) дар ҷойи чорум ва Ҳолланд бо касби 20 медал (8 тилло, 8 нуқра, 4 биринҷӣ) дар ҷойи панҷум қарор гирифтанд.

Умуман, варзишгарони 30 кишвар медалҳои Бозиҳоро ба даст оварданд, аз он ҷумла намояндагони 22 кишвар барандагони медалҳои тилло гардиданд.

Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ дар Олимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан варзишгарони Русия бо касби 17 медал (2 тилло, 6 нуқра, 9 биринҷӣ) ҷойи 13-ум, Беларус бо 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) ҷойи 15-ум, Украина бо 1 медали тилло ҷойи 22-юм, Латвия ва Қазоқистон бо як медали биринҷӣ ҷойи 28-умро ишғол карданд.

Дар рӯзи 16-ум ва охирини Бозиҳо тими варзишгарони олимпӣ аз Русия дар бозии ниҳоӣ оид ба ҳоккей миёни мардон бар дастаи Олмон бо ҳисоби 4:3 (1:0, 0:1, 2:2, 1:0) ғолиб шуд. Зимнан, ин дувумин медали тиллои русиягиҳо дар Олимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан ба шумор меравад.

Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ қарор дар бораи аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум кардани тими миллии Русияро бетағйир гузошт. Ҳамингуна варзишгарони рус иҷоза надоранд, дар маросими хатми Бозиҳои олимпӣ дар Пхёнчхан бо парчами кишвари худ гузар кунанд.

Қарори аъзои кумита рӯзи 25-уми феврал ва чанд дақиқа баъд аз он содир шуд, ки шӯрои Кумитаи байналмилалии олимпӣ тавсия дод, қарори манъи ширкати тими миллии Русия дар Бозиҳо бетағйир бимонад. Акнун варзишгарони рус ҳақ доранд, ки дар маросими хотимаи Бозиҳои олимпӣ бо парчами тими варзишгарони олимпии Русия аз майдон гузар кунанд.

Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ баъди он Русияро аз ҳаққи ширкат дар Бозиҳои олимпӣ маҳрум кард, ки таҳқиқ нишон дод, варзишгарони рус дар Бозиҳои олимпии соли 2014 дар шаҳри Сочи аз доруҳои мамнуи нерӯафзо барои варзишгарон васеъ истифода бурдаанд. Аммо ба 169 варзишгар аз Русия иҷоза доданд, ки мустақилона дар бозиҳо ширкат кунанд. Русия умедвор буд, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарорашро бознигарӣ мекунад.

Ҳисоби медалҳо

XS
SM
MD
LG