Варзишгари рус Александр Крушелнитский, ки бо тасмими Додгоҳи ҳакамии варзишӣ (CAS) дар вайрон кардани қоидаҳои зиддидопинг дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ дар Пхёнчхан айбдор эълон шуд, аз медали биринҷӣ маҳрум гардид.
Крушелнитский ва ҳамсараш Анастасия Бризгалова медалҳои биринҷии Бозиҳоро, ки дар рақобатҳои ҷуфти омехта оид ба кёрлинг дар навъи дабл-микст ба даст оварда буданд, ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ баргардонданд. Бинобар ин, шумораи медалҳои тими варзишгарони олимпӣ аз Русия як адад кам шуд ва бо 12 медал (4 нуқра ва 8 биринҷӣ) дар ҷойи 21-ум қарор дорад.
Дар Олимпиадаи зимистона, ки дар шаҳри Пхёнчхани Кореяи Ҷанубӣ ҷараён доранд, дар дувоздаҳ рӯзи мусобиқот варзишгарони 29 кишвар бо медалҳо мукофотонида шуданд. Мунтахаби Норвегия, ки то рӯзи 23-юми феврал 35 медал (13 тилло, 12 нуқра, 10 биринҷӣ) гирифтааст, дар ҳисоби умумидастаӣ ҳам аз рӯи сифати медалҳо ва ҳам аз рӯи шумораи умумии медалҳо мисли пшин мақоми аввалро касб намудааст.
Олмон, ки 25 медал (13 тилло, 7 нуқра, 5 биринҷӣ) дорад, дар мақоми дувум мебошад. Канада бо 24 медал (9 тилло, 7 нуқра, 8 биринҷӣ) дар ҷойи севум қарор дорад. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (ИМА) бо 21 медал (8 тилло, 7 нуқра, 6 биринҷӣ) ба ҷойи чорум баромад. Ҳолланд бо 17 медал (7 тилло, 6 нуқра, 4 биринҷӣ) ба ҷойи панҷум фуромад.
Аз кишварҳои собиқи шӯравӣ ба ҷуз Русия, дар Олимпиадаи зимистона дар Пхёнчхан варзишгарони Беларус бо 3 медал (2 тилло ва 1 нуқра) ҷойи 13-ум, Украина бо 1 медали тилло ҷойи 20-ум, Латвия ва Қазоқистон бо як медали биринҷӣ ҷойи 27-умро ишғол кардаанд.
Ҳисоби медалҳо
Кишвар |
Тилло |
Нуқра |
Биринҷӣ |
Ҳамагӣ |
Дар Бозиҳои XXIII зимистонаи олимпӣ имрӯз, 23-юми феврал, варзишгарон дар қувваозмоиҳои ниҳоӣ барои 4 маҷмуи медалҳо мубориза мебаранд:
Рақси рӯи ях. Занон. Барномаи озод
Фристайл. Занон. Ски-кросс
Конкитозӣ. Мардон. 1000 м
Биатлон. Мардон. Эстафетаи 4х7,5 км
Тухфа ба Нури бахшида ба 25 солагии истикрори сулх.
Радиои Озоди, хамин мавзухои кухна чи лозим? Мардум Сталин кист намедонанд, шумо репрессияхои сталиниро мекобед. Шахсан барои ман хокимияти совети на бад аст на хуб. Ягон бадбини надорам ман. Ба гузашта салавот. Гузаштагои нохак катл шуда чояшон чаннату рузашон шод бод. Мо танхо дуо мекунем халос. Дигар хеч чиз аз дастамон намеояд. Падари бобоям ва падари бибиям хардуяшонро шабона аз хона бурда, беному нишон гум шудаанд. Лекин худоразматии бобоям як чевон дошт, даруни чевон як ситора ва сурати сталин буд. Хурд будам, пурсида будам: бобо ин портрет барои чи дар чевон аст, магар сталин падаратонро катл накардааст??? Русхо душмани мо не??? Бобоям гуфта буданд: падарамро русхо не, точикони бахилу бесаводу бехунар, бо тухмату дуруг зери панчара кардаанд. Агар рус душман мебуд, ин хамаи фарзандони манро як кадам ба донишгохои совети рох намедод. Ба гузашта салавод, чони бобо. Аз паи оянда шаву, аз буззу бехунару бесаводони кутохакл дуртар гард гуфта бадаанд.
Хукумат эьтимоди худро дар байни мардум тамоман аз даст додааст ва мехоханд барои нигох доштанти хукумати оилави аз тарсу шиканча истифода кунад. Офтобро костюми президент пушонидан гайриимкон хам
Ахсан ба Икболи Лохури! Бисёр мехохам дар мавзухои дигар хам шарххо бо истифода эчодиёти Мухаммадикболи Лохури бинависи ва дигарон аз он бахра баранд. Аз ОЗОДИ хам хохиш дорам дар бораи Мухаммадикболи Лохури барномаеро пешкаш намояд.
Коммунистони Кремл халқи тоҷикро 70-сол мағзшӯӣ карданд, ки дин бад аст, дин афюни халқ аст, дин фалон асту фалон аст, нурӣ дар як шаб хост ин халқи 70-соларо ба низоми исломӣ мутобиқ кунад, он ҳам бо зӯри силоҳ хок бар. Сангаку ғайри сангак, ки ба гуфтаи худашон “нону намаки коммунизм”-ро хӯрда буданд, ба хашм омаданд, онҳо ҳам бо силоҳ муқобилият карданд. Елтсину Каримов ба оташ равған рехтанд, КГБ-и коммунистӣ ҷангро мудирият кард, 300-ҳазор нафар, аз ҷумла занону кӯдакон кушта шуданд, садҳо ҳазор гуреза, шаҳру деҳот хунолӯд, 100-миллиард сомонӣ зарари моддӣ, иқтисод касоду мақомот фалаҷ, мотам андар мотам. Имрӯз ҳам кабирӣ мехоҳад низоми “исломӣ”-ро, ки решааш аз теҳрон об мехӯрад, ба сари халқи тоҷик таҳмил диҳад. Ин шабу рӯз бубинед, ки халқи эрон (низоми “исломӣ”) чӣ ҳолу аҳвол доранд?!