Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

AI: Трамп ва раҳбарони дигар "намунаҳои хатарнок"-ро намоиш медиҳанд


Логои созмони Афви Байналмилал
Логои созмони Афви Байналмилал

Созмони Афви Байналмилал Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва раҳбарони дигари ҷаҳонро ҳадаф қарор дод. Ин созмон дар гузориши тозаи худ гуфт, ин президентҳо бо сарфи назар кардан аз ҳуқуқи инсон ба раҳбарони дигар "намунаҳои хатарнок"-ро пешниҳод кардаанд.

Дар гузориши солонаи Афви Байналмилал, ки рӯзи 22-юми феврал пахш шуд, Салил Шеттӣ - Дабири кулли ин созмон ҳушдор дод, ки дар муҳити феълии сиёсӣ "хеле рушан аст, ҳеҷ яке аз мо аз кафолати ҳуқуқамон бархӯрдор нестем".

"Фазои нафрат ва ҳарос дар умури ҷаҳон бузургтар шудааст ва мо дар ин марҳилаи нороҳаткунанда танҳо якчанд ҳукуматро дорем, ки ба ҳифзи ҳуқуқи инсон арҷ мегузоранд", - афзуд Салил Шеттӣ.

Шеттӣ бо ишора ба раҳбарони Миср, Филиппин, Венесуэла, Русия, Амрико ва Чин гуфт, "ба ҷойи ин, мо Сисӣ, Дутерте, Мадуро, Путин, Си ва дигаронро дорем, ки ҳуқуқи миллионҳоро поймол мекунанд."

XS
SM
MD
LG