Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон ба 12 низомии тоҷик рутбаи генералӣ дод


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 21-уми феврал ба муносибати 25-уми солгарди таъсиси нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба гурӯҳе аз низомиёни кишвар рутбаҳои ҳарбӣ ва мукофотҳои давлатӣ дод. Тоҷикистон рӯзи 23-юми феврал таъсисёбии Артиши миллии худро таҷлил мекунад.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, бар пояи фармони Эмомалӣ Раҳмон, ба 12 нафар аз низомиёни кишвар рутбаи генералӣ дода шуд. Аз ҷумла ба вазири дифоъ Шералӣ Мирзо ва муовини раиси КДАМ ва ҳамзамон фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ рутбаи генерал-полковник дода шуд. Ҳамин тариқ Эмомалӣ Собирзода, сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва муовини вазири дифоъ ва Латифҷон Файзизода -- мушовири вазири дифои Тоҷикистон, сазовори рутбаи генерал-лейтенант шудаанд.

Бо фармонҳои раиси ҷумҳур ҳамчунин ба муовини сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳ Шараф Эгамзод, сардори раёсати оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии вазорати дифоъ Меҳваршо Донаёрзода, сардори раёсати қӯшунҳои муҳандисии ситоди генералӣ Саёрабек Бачабекзода, муовини аввали фармондеҳ, сардори сарситоди қушунҳои хушкигарди Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ихтиёр Охунзода, муовини аввали фармондеҳ, сардори сарситоди қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ Темур Қурбонов, сардори раёсат оид ба масъалаҳои амнияти ҳарбӣ дар котиботи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Фозил Раҳимов рутбаҳои генерал-майор дода шуд.

Ҳамзамон ба директори Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Сулаймон Султонзода ва командири бригадаи посбоникунандаи рақами 6593-и сарраёсати ҷазои ҷиноятии вазорати адлия Зайниддин Каримзода рутбаҳои махсуси генерал-майори адлия супорида шуд.

XS
SM
MD
LG