Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навзодҳо дар Покистону Афғонистон ба хатари марг рӯ ба рӯ мешаванд


Кӯдаки навзод. Акс аз бойгонӣ
Кӯдаки навзод. Акс аз бойгонӣ

ЮНИСЕФ - Идораи СММ дар умури атфол - рӯзи 20-уми феврал эълон кард, "кӯдаконе, ки дар кишваҳои фақир ба дунё меоянд, бо таҳдиди марг рӯ ба рӯ мешаванд ва Афғонистон, Покистон ва кишварҳои Африқо бо сатҳи баланди маргумири кӯдак дар сархати ин рӯйхат қарор доранд".

Ин созмон дар гузориши тозаи худ гуфт, бо вуҷуди пешрафти кумаки тиббӣ, 7 ҳазор навзод дар кишварҳои фақир ҳамарӯза мемиранд.

ЮНИСЕФ мегӯяд, шанси зинда мондани кӯдакҳое, ки дар Ҷопон, Ирландия ва Сингапур таваллуд мешаванд, 50 баробар бештар аз имкони кӯдакҳоест, ки дар кишварҳои фақир ба дунё меоянд.

"Ҳамасола 2,6 миллион кӯдак дар саросари ҷаҳон дар моҳи аввали зиндагӣ аз дунё мегузаранд", - гуфт Ҳенриетта Фор, мудири иҷроияи Идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури кӯдакон.

"Бо назардошти қобили пешгирӣ будани бисёри ин маргумир, рӯшан аст, ки мо дар баробари кумак ба кӯдакҳои кишварҳои фақир ноком шудаем",- афзуд мақомдори ЮНИСЕФ.

Дар гузориш омадааст, ки бисёр навзодҳо на ба иллати тиббӣ, балки аз сабабе мемиранд, ки дар оилаҳои фақир ба дунё омадаанд ва ё аз кумаки тиббӣ маҳрум ҳастанд.

XS
SM
MD
LG