Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Террористи Стокҳолм гуноҳаш ва робитааш бо ДИИШ-ро эътироф кард


Раҳмат Оқилов дар додгоҳи Шведсия
Раҳмат Оқилов дар додгоҳи Шведсия

Шаҳрванди Узбакистон Раҳмат Оқилов, ки рӯзи 20 феврал дар додгоҳи Шведсия сухани охиринро мегуфт, гуноҳашро ва ҳамчунин робитааш бо бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" -ро комилан эътироф кард.

Ӯ дар ҷаласаи додгоҳ гуфт, ки мошинро барқасдона ва бо ҳадафи куштор ба рӯи тӯдаи мардум ронд, то дар "пуштибонӣ аз гурӯҳи террористии ДИИШ" саҳм бигирад. Оқилов гуфт, ки ӯ мехост Шведсия интиқоли сарбоз ва пул барои мубориза бо ДИИШ- ро қатъ кунад.

Оқилови 40-сола рӯзи 7 апрел як мошини боркашро рабуд ва ба он мардумро дар яке аз кӯчаҳои серодами Стокҳолм пахш кард. Дар ин ҳодиса панҷ нафар, бо шумули як духтари 11-сола, як марди 41-солаи бритониёӣ ва як зани 31-сола аз Белгия ҷон бохтанд. Теъдоди захмиҳо 10 нафар буд.

Оқилов, ки дар пайи дарёфти паноҳандагии Шведсия мегашт ва аз мақомоти ин кишвар ҷавоби рад гирифт, дар остонаи ҳамла ба яке аз амнтарин кишварҳои Аврупо, бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" байъат кард. Интизор меравад, ки ҳукми додгоҳ охири моҳи июн эълон шавад. Додситон барои Раҳмат Оқилов ҳукми абад талаб кардааст.

Шведсия дар ҳайъати эътилоф 70 сарбоз дорад, ки асосан дар шарқи Ироқ мустақар буда, ба тамриндиҳӣ машғуланд.

XS
SM
MD
LG