Пайвандҳои дастрасӣ

ВАО: прокурори махсус муомилоти молии домоди Трампро меомӯзад


Ҷаред Кушнер - домоди президенти ИМА Доналд Трамп

Роберт Мюллер, прокурори махсус, санҷиши фаъолияти домоди президент Трамп ва мушовири наздики ӯ - Ҷаред Кушнерро густариш дод. Дар ин бора шабакаи телевизионии CNN рӯзи 20 феврал гузориш дод.

Мюллер ҳоло на танҳо ба фаъолияти сиёсӣ ва робитаҳои молии Кушнер бо Русия, балки ба гуфтушунидҳои ӯ бо тоҷирони хориҷӣ аз Чин ва Қатар, баъди пирӯзии Трамп дар интихобот, тамаркуз мекунад.

Сухан дар бораи талошҳои Кушнер барои беҳтар кардани вазъи молии сохтмони биное дар хиёбони 5-уми Манҳэттен, бо ҷалби сармояи хориҷӣ аст.

Маълум нест, ки кадом ҷамбаи гуфтушунидҳои Кушнер боиси шубҳаи прокурори махсус шудааст. Кушнер моҳи марти соли 2017 робитааш бо ин тарҳро расман қатъ карда буд.

Ҷаред Кушнер ба Конгресс ҳисобот дод, ки дар раванди гузариши байни интихобот ва маросими савгани президент Трамп, " бо беш аз 50 намоянда аз 20 кишвар мулоқот кард". Яке аз онҳо Сергей Горков, раиси Внешэкономбанки Русия буд. Ҳангоми баррасии ин масъала дар Конгресс Кушнер гуфт, ки гуфтугӯи ӯ бо Горков атрофи масоили дорои аҳамияти давлатӣ буд, аммо ҷониби Русия онро " музокироти корӣ" унвон кард, ки дар он Кушнер ҳамчун раҳбари ширкати сохтмонӣ ҳузур дошт.

Паравандаи дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи соли 2016-и Амрико дар ҳоли баррасӣ аст ва Мюллер бояд муайян кунад, ки дар байни ситоди Трамп ва Кремлин муомилоти заиф карда мавқеи номзади ҳизби Демократ Ҳиллари Клинтон ҷой дошт ё не.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG