Пайвандҳои дастрасӣ

Қазоқистон вакили боздоштшудаи қирғизро ба ҳабси думоҳа маҳкум кард


Дамирбек Асилбек Улуу

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон вакили боздоштшудаи порлумони Қирғизистон Дамирбек Асилбек уулуро рӯзи 20 феврал барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Ин вакили порлумон рӯзҳои 15-16-и моҳи феврал дар ҷараёни як амалиёти махсуси "зидди қочоқи маҳсулот" боздошт шуд.

Ба иттилои додгоҳ, Асилбек уулу дар "қочоқи маҳсулот дар ҳаҷми зиёд" ва инчунин "ширкат дар гуруҳи созмонёфтаи фаромиллӣ ё созмони фаромиллии ҷиноӣ" гумонбар шудааст.

Ҳамзамон ду шаҳрванди дигари Қирғизистон дар "Ҷинояти иқтисодӣ" ва "Ташкил ва роҳбарии гуруҳи ҷиноии фаромиллӣ, таъсиси созмони ҷиноии фаромиллӣ ва ширкат дар он" гумонбар дониста мешаванд. Ҳамаи ин се шаҳрванди Қирғизистон то ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуданд.

Додситонии Қазоқистон 18 феврал хабар дод, ки 33 боздоштшудаи як амалиёти махсус дар ҷануби Қазоқистон ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол ёфтанд.

Видеоҳои охирин

Бархе аз сокинон мегӯянд, аз тамошои ТВ Тоҷикистон маҳруманд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:44 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG