Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Сибир рӯи барфҳо Навалний навиштанд, то хадамот кӯчаҳоро зуд тоза кунад


Кӯчае дар Томск бонавиштаҷоти Навланий дар рӯи тӯдаи барф. 19 феврал, 2018
Кӯчае дар Томск бонавиштаҷоти Навланий дар рӯи тӯдаи барф. 19 феврал, 2018

Дар минтақаҳои Томск ва Иркутски Русия дар барфтӯдаҳо навиштаҷоти "Навалний" пайдо шуд ва гумон меравад, ки сокинон бо ин роҳ мехоҳанд хадамоти коммуналиро ба тоза кардани кӯчаҳо аз теппаҳои барф водор кунанд. Қаблан ин усул дар Маскав бомуваффақият аз санҷиш гузашт.

Ба гуфтаи шабакаи телевизионии ТВ2, дар бахшҳои мухталифи Томск, аз ҷумла дар хиёбони Киров, дар назди идораҳои суд, корхонаи тавлиди пива ва кӯчаи Пушкин дар теппаҳои барф исми Навалнийро навиштанд. Корбарони "ВКонтакте" мегӯянд, ки чунин навиштаҷот дар хиёбнҳои барфпӯши Иркустк низ пайдо шудаанд.

Қаблан ин шеваро корбари Твиттер Varvara Gryaznova ба кор бурд. "Ҳамсояи мо, ки тоза кардани барфро дархост карда буд, билохира ба омадани хизмати коммунали ноумед шуд ва ман қотеона тасмим гирифтам, ки авзоро таъғир диҳам",- навишт ин корбар. Баъди чанд соат барфро тоза карданд.

Ин усулро дар минтақаи Перм ҳам истифода карданд ва мегӯянд, ки хуб кор мекунад.

XS
SM
MD
LG