Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯи туркман дар Киев худкушӣ кард


Муқаддас Носиралиева
Муқаддас Носиралиева

Муқаддас Носиралиева, донишҷӯи туркман дар шаҳри Киеви Украина, ки чанде пеш бедарак шуда буд, худкушӣ кардааст.

Ба иттилои Ровшанбек Розматов, раиси диаспораҳои мардумони туркман дар Украина, Муқаддаси 18-сола баъди он ки натавонист ҳуҷҷатҳои будубошашро дар Украина тамдид кунад, даст ба худкушӣ зад.

Ин донишҷӯи туркман, ки дар Донишгоҳи миллии тиббии Украина таҳсил мекард, 13 феврал бедарак шуд. Хабар дода мешуд, ки муҳлати раводиди Носиралиева ба поён расидааст ва ӯ танҳо бо санади факултете, ки онҷо таҳсил мекунад, метавонист буду бошашро тамдид кунад. Муқаддас натавонист будубошашро тамдид кунад ва дар натиҷа худкушӣ кард, мегӯяд Розматов.

Дар ҳамин ҳол, роҳбарияти донишгоҳ мегӯянд, Насиралиева то худкушӣ карданаш аз донишгоҳ ихроҷ шуда буд. Муҳлати визааш дар моҳи декабри соли 2017 ба поён расид.

Рошанбек Розматов талош дорад, ки аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "расонидан то ба худкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ кушода шавад.

XS
SM
MD
LG