Пайвандҳои дастрасӣ

Назаров: “Бархеҳо парвои саломатии миллионҳо тоҷикро надоранд" ВИДЕО


Машокир Назаров

Феълан дар Тоҷикистон 100 корхонаи бузургу кӯчаки паррандапарварӣ фаъол мебошад, ки 80 дарсади тухми мурғи мавриди ниёзи сокинони кишварро тавлид мекунанд. 20 дарсади тухми мурғ ба бозорҳои Тоҷикистон аз Покистону кишварҳои дигари минтақа ворид мешавад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки соли гузашта корхонаҳои паррандапарварии кишвар танҳо 2 ҳазору сад тонна гӯшти мурғ тавлид кардаанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки ниёзи Тоҷикистон ба ин намуди ғизо 63 ҳазор тонна будааст.

Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо Машокир Назаров, сардори раёсати паррандапарвариии вазорати кишоварзии Тоҷикистон нахуст аз вазъи феъллии ин соҳа пурсидем?

Машокир Назаров: Феълан вазъи мурғпарварӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои қаблӣ хеле беҳтар шудааст. Муҳим корхонаҳои паррандапарварӣ тавонистанд фаъолияти худро роҳандозӣ карда, мутахассисони ҳирфаиро гирдиҳам оваранд. Коршиносон аз таҷрибаи зарурии нигоҳубини мурғ бархурдоранд. Мутахассисони аз замони шӯравӣ боқӣ монда бо мусоидати мо давраҳои бозомӯзӣ баргузор карда, ба пизишкони мурғ ва мутахассисони соҳа таҷрибаи худро матраҳ карданд. Муҳим, корхонаҳои мурғпарварие, ки солҳои баъд аз касби истиқлол валангор шуда буданд, тадриҷан барқарор шуданд. Ҳамзамон мутахассисони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷии худ пайваста табодули таҷриба мекунанд.

Радиои Озодӣ: Мо метавонем бигӯем, ки корхонаҳои мурғпарварии Тоҷикистон сокинони кишварро пурра бо тухм ва гӯшти мурғ таъмин мекунанд?

Машокир Назаров: Ҳоло танҳо метавонем бигӯем, ки то 80 дарсади ниёзи аҳолӣ ба тухми мурғро таъмин мекунем. Дар робита ба таъмини аҳолӣ бо тухми мурғ аз соли 2007 ба ин сӯ мо иқдомҳоеро рӯи даст гирифтаем. Ҳоло тақрибан 100 корхонаи бузург ва кӯчаки мурғпарварӣ дар Тоҷикистон арзи ҳастӣ мекунанд. Ҳоло дар бозорҳову фурӯшгоҳҳо асосан тухми мурғи истеҳсоли Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

Радиои Озодӣ: Метавонед бигӯед, ки ба ҳисоби дона дар Тоҷикистон ҳамасола чӣ миқдор тухми мурғ истеҳсол мешавад?

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Машокир Назаров: Соли гузашта дар Тоҷикистон 360 миллион дона тухми мурғ истеҳсол шудааст. Вале дар мавриди тавлиди гӯшти мурғ мо ҳанӯз чандон муваффақ нашудаем. Зеро, то ҳол дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи бештар ба истеҳсоли тухми мурғ ихтисос мешуд, на барои тавлиди гӯшти он. Дар ин солҳо мо натавонистем тухми мурғи гӯштӣ ба қадри кофӣ ба Тоҷикистон ворид сохта, наслгирии онро роҳандозӣ кунем.

Тавлиди як ё ду ҳазор тонна гӯшти мурғ барои Тоҷикистон дастоварде нест, ки мо тавонем аз он ифтихор кунем. Танҳо баъд аз интиқоди мақомоти баландпоя аз вазъи мурғпарварӣ ба ин арса таваҷҷӯҳ зоҳир шуд ва ихтисоси ин гуна имтиёзҳо барои рушди паррандапарварӣ дар Тоҷикистон барои кишварҳои дигар бесобиқа дониста мешавад.

Ҳоло қасд дорем дар соли ҷорӣ то 20-30 дарсади ниёзи сокинон ба гӯшти мурғро бароварда созем. Феълан дар соҳаи паррандапарварии Тоҷикистон корхонаҳое ба мисли “Беҳамто” дар ноҳияи Ёвон, “Раҳмонҷон” дар ноҳияи Данғара ва як корхонаи мурғпарварӣ дар вилояти Суғд ҳастанд, ки асосан ба нигоҳубини мурғи гӯштӣ машғуланд.

Дар ноҳияҳои Мӯъминобод ва Шаҳритус низ чунин корхонаҳо вуҷуд доранд. Мушкил он аст, ки дар мо тухми мурғи гӯштӣ ҳанӯз ворид нашудааст, ки мо тавонем аз он чӯҷа барорем. Аммо соли гузашта корхонаи мурғпарварии “Раҳмонҷон” аз Голландия чаҳор ҳазор адад мурғи гӯштие ворид кард, ки тухм мекунад ва минбаъд саршумори ин навъи мурғ афзоиш дода мешавад.

Радиои Озодӣ: Оё метавон танҳо ба зарфияти як корхонаи мурғпарварӣ барои таъмини сокинон бо гӯшти мурғ умед баст?

Машокир Назаров: Бо супориши ҳукумати Тоҷикистон мо барномаи нави рушди мурғпарварӣ дар кишварро таҳия мекунем ва дар он ҳамаи ҷанбаҳои тавсеаи ин арса пешбинӣ шудааст. Умедворем, қабули ин барнома кӯмак мекунад, ки ҳам мурғпарварӣ барои афзоиши тухми он ва ҳам гӯшташ мусоидат мекунад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Корхонаҳои мурғпарварӣ танҳо интизори он ҳастанд, ки мо онҳоро бо тухм ва чӯҷаи мурғи гӯштӣ таъмин созем. Вале бо ин вуҷуд мушкили таъмини корхонаҳои мурғпарварӣ бо ғизои парранда ва фанновариҳои нав ҳамчунон боқӣ мемонад. Зеро то 80 дарсади ғизои паррандаро мо аз хориҷа ворид месозем.

Радиои Озодӣ: Метавонед бигӯед, ки аз кадом кишварҳо хӯроки парранда ба Тоҷикистон ворид мешавад?

Машокир Назаров: Аз Русия, Олмон, Чин, Эрон, Лаҳистон, аз кишварҳои соҳили Балтика, Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон маводди ғизоии парранда ворид мешавад. Аммо бояд зикр кунам, сифати ғизои паррандаи тавлиди кишварҳои аврупоӣ беҳтар аст.

Радиои Озодӣ: Имтиёзҳо барои паррандапарварон ба соҳибони ин корхонаҳо чӣ сабукие меорад?

Машокир Назаров: Барои арсаи паррандапарварӣ аз хориҷи кишвар фанновариҳо ва ғизои мурғ ворид карда мешавад. Танҳо аз ҳисоби имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ соҳибкорон 20 – 23 дарсади хароҷоти худро сарфа мекунанд.

Агар фанноварии мурғпарвариро аз Туркия барои 30 ҳазор дона мурғ ворид созем ва қимматаш 100 ҳазор доллар бошад, пас соҳибкор 23 ҳазор доллари худро сарфа мекунад. Маблағи сарфашуда барои харидории ғизои парранда истифода мешавад. Ҳоло агар як дона тухми мурғ 80 дирам бошад, бо воридоти ғизои арзонтар нархи он метавонад 65-70 дирам шавад. Ин имтиёзҳо ба арсаи паррандапарварӣ таъсири хубе мерасонад.

Радиои Озодӣ: Имкон дорад, ки ғизои парранда дар худи Тоҷикистон тавлид шавад?

Машокир Назаров: Албатта, чунин имконият вуҷуд дорад. Аллакай Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд ва дар ноҳияи Данғара ду корхонаи тавлиди ғизои паррандаро роҳандозӣ кардааст. Агар онҳо бо зарфияти комил фаъолият кунанд, метавонанд то охири соли ҷорӣ талаботи корхонаҳои паррандапарварии Тоҷикистон ба ғизои паррандаро то 50 дарсад бароварда созанд.

Албатта, корхонаҳои бузурги паррандапарварӣ имкони молӣ доранд, ки аз хориҷи кишвар ғизои мурғро ворид созанд, аммо корхонаҳои кӯчак чунин захираҳои молӣ дар ихтиёр надоранд. Хоҷагиҳои деҳқоние ҳастанд, ки дар мурғхонаҳо аз 500 то 10 ҳазор дона мурғ парвариш мекунанд ва онҳо маблағҳои зарурӣ барои харидории ғизои парранда аз хориҷи кишварро надоранд.

Ниёзи Тоҷикистон ба тухму гӯшти мурғи худӣ
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:33 0:00

Ба ин гуна корхонаҳои кӯчак роҳандозии тавлиди ғизои парранда дар худи Тоҷикистон бамаврид аст. Маҳз ҳамин корхонаҳо метавонанд бозори Тоҷикистонро бо тухм ва гӯшти парранда пурра таъмин созанд. Ҳоло Тоҷикистон дар як сол ба 63 ҳазор тонна гӯшти парранда ниёз дорад ва корхонаҳои дохилӣ соли гузашта як каме беш аз 2 ҳазор тонна гӯшти мурғ тавлид кардаанд. Мо ҳамчунин ҳадаф дорем, ки тавлиди тухми мурғро ба 1 миллиарду 600 миллион дона ва гӯшти мурғро то ба 63 ҳазор тонна расонем.

Радиои Озодӣ: Ахиран, мақомоти баландпояи кишвар, аз ҷумла, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз воридоти маҳсулоти пастсифати гӯшти мурғ шадидан интиқод карданд. Гӯшти пастсифати мурғ ба Тоҷикистон чӣ гуна роҳ ёфт?

Машокир Назаров: Маҳсулоти пастсифати мурғӣ асосан аз Канада, Ҳиндустон, Покистон, Туркия ва Бразилия ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Мутахассисони мо ба ин кишварҳо сафар карда, чӣ гуна ба Тоҷикистон содирот шудани чунин маҳсулотро мушаххас карданд.

Аз ҷумла, агар гӯшти мурғ ё тухми он дар фурӯшгоҳҳои ин кишварҳо фурӯхта нашавад ва мӯҳлати истифодаи он сипарӣ шавад, мағозаҳо тибқи шартнома ин маҳсулотро ба корхонаҳои паррандапарварӣ бармегардонанд. Дар корхонаҳо болои ин маҳсулот таърихи нави истеҳсолашро мӯҳр зада, дубора ба тоҷирони тоҷик бо нархи хеле арзон мефурӯшанд.

Мутаассифона, бархе аз тоҷирони тоҷик саломатии 8, 5 миллион аҳолии Тоҷикистонро сарфи назар карда, ба хотири ба даст овардани фоидаи бештар машғули воридоти чунин маҳсулот шуданд. Мо ҳатто ду сол қабл водор шудем, ки барои паст кардани маҳсулоти дохилӣ бо гӯшт ва тухми мурғи хориҷӣ вориди рақобати шадид шавем.

То ҷое муваффақ ҳам шудем, ки мурғи корхонаҳои паррандапарвариро ба аҳолӣ, бахусус дар ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон бо нархи арзон фурӯхтем, то онҳо худро бо тухм ва гӯшти мурғ таъмин созанд. Аз ин роҳ мехостем ҳамзамон шумораи мурғ дар Тоҷикистонро ҳифз кунем. Ҳоло мехоҳем бо истифода аз имтиёзҳои ихтисосшуда ба корхонаҳои мурғпарварӣ таҷҳизоти забти мурғи истеҳсоли кишварҳои аврупоиро ворид созем ва мардуми кишварро бо гӯшти хушсифати худӣ таъмин созем.

Ҳоло чунин таҷҳизот дар корхонаи паррандапарварии ноҳияи Ёвон фаъол шудааст ва мехоҳем дар куллияи корхонаҳои мурғпарварӣ чунин таҷҳизот насб карда шавад. Дақиқ метавонам бигӯям, ки то аввали моҳи март дар Тоҷикистон саршумори мурғи гӯштӣ ва тухми чунин мурғҳо ду баробар бештар хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ: Ташаккур!

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG