Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соҳибкори қазоқ куштори раҳбари "ТуронАлем" бонкро эътроф кард


Додгоҳи вилояти Ҷамбули Қазоқистон

Тоҷир ва молики корхонаи бузурги "Казстройстекло"-и Қазоқистон Муратхон Токмадӣ, ки бо ҷурми "тамаъҷӯӣ" маҳкум ба зиндон шуда буд, куштори раҳбари пешини "Бонки ТуранАлем"-ро бар дӯш гирифт.

Токмадӣ дар додгоҳи шаҳри Тарази Қазоқистон рӯзи 16 феврал, баъди қироат айбнома дар посух ба суоли додрас гуфт, худро дар куштори раҳбарияти бонк айбдор медонад.

Телевизиони давлатии Қазоқистон моҳи октябри соли гузашта гузоришеро нишон дод, ки дар он Токмадӣ мегӯяд, куштори раҳбари пешини "Бонки ТуранАлем"-ро дар соли 2004 Мухтор Аблязов "фармоиш" додааст. Аблязов баъд аз марги Татишев раҳбари бонк тайин шуд. Додгоҳи Қазоқистон моҳи июни соли 2017 ӯро бо ҷурми дуздидани пулҳои бонки мазкур дар ғайбаш 20 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Муратхон Токмадии 52-сола 12 июни соли 2017 дар шаҳри Алмато дар натиҷаи як амалиёти махсуси мақомоти қудратӣ боздошт шуда, моҳи октябри ҳамон сол бо ҷурми тамаъҷӯӣ ва ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ се сол аз озодӣ маҳрум шуд. Наздикон ва ҷонибдорони Токмадӣ тамоми айбҳоро сохта меноманд.

Ержан Татишев моҳи декабри соли 2004 дар вилояти Ҷамбули Қазоқистон кушта шуд. Мақомоти қазоқ то тирамоҳи соли гузашта мегуфтанд, ки Татишев ҳангоми шикор дар натиҷаи як ҳолати тасодуф ҷон бохтааст.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG