Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зане баъди аз даст додани "туҳфаи президент" худро куштан мехост. ВИДЕО


Дор
Дор

Сокини 42-солаи шаҳри Марғелони Узбакистон Дилором Мамирова бо эътироз аз амали масъулони шаҳрдорӣ, ки аз ӯ ва даҳҳо ҳамсояаш пули иҷораи манзили туҳфакардаи президентро талаб карданд, қасди худкушӣ кард. Ҳамсояҳояш мегӯянд, ин занро аз марг наҷот додаанд.

Дилором Мамирова шаби 12 феврал дар манзили зисташ дар бинои пешини Коллеҷи иқтисодии Марғелон, ки охирҳои соли гузашта президент ба ӯ тӯҳфа карда буд, мехост худро ба дор кашад.

"Ҳамроҳи ҳамсояҳо қартабозӣ мекардем. Мамирова тамоку мефурӯшад. Барои харидани тамоку ба ҳуҷраи вай рафтам, дарро задам, ки боз шуд ва дидам худро овехта, вале ҳанӯз зинда аст. Зуд ҳамсояҳоро даъват карда, ӯро наҷот додем", - мегӯяд як ҳамсояи Мамирова.

Зане баъди аз даст додани "туҳфаи президент" худро куштан мехост
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:41 0:00
Линки мустақим

Ба гуфтаи Дилором Мамирова, шаҳрдории Марғелон охирҳои соли гузашта барои ӯ ва 87 хонаводаи камбизоати дигар аз номи президенти Узбакистон дар бинои пешини Коллеҷи иқтисодӣ хона дод. Вале чанд рӯз пеш кормандони шаҳрдорӣ омада, аз онҳо хостаанд, ки пули иҷораи манзилҳоро супоранд.

"Ба ман гуфтанд, ки агар пули иҷораи семоҳаро насупорӣ, хонаро мегирем. Дар ҷое кор намекунам ва касе ҳам надорам, ки маро нигоҳубин кунад. Бинобар ин, қасди худкушӣ кардам. Аз бесарпаноҳ мондан мурдан беҳтар аст. Барои чӣ дар вақташ моро фиреб карданд, ки ин туҳфаи президент аст?", - изҳор дошт Мамирова.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатҳои мо, маросими супоридани калиди хонаҳо 26 декабри соли 2017 баргузор шуда, кормандони шаҳрдории Марғелон ҳуҷраҳои табақаи аввалро бо мебелу техникаҳои маишӣ муҷаҳҳаз карда, ҳатто қолин ҳам партофта буданд. Вале баъд аз наворбардорӣ ҳамаро бо худ бурданд

XS
SM
MD
LG